Маркази барномаҳои байналмилалӣ: қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмуни бурсияҳои таҳсилии Озарбойҷон оғоз гардид

Февраль 11, 2020 09:44

ДУШАНБЕ, 11.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати довталабон мерасонад, ки қабули ҳуҷҷатҳои довталабон барои иштирок дар озмуни бурсияҳои таҳсилии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар соли таҳсили 2020-2021 аз рӯи зинаҳои бакалавр, магистр ва доктор PhD оғоз гардидааст.
Ҳуҷҷатҳои лозима:
1) Маълумотнома (дар Марказ пешниҳод мегардад);
2) Ҳуҷҷати давлатии хатми муассисаи таълимӣ;
3) Маълумотномаи тиббӣ (аз ҷумла ВИЧ/СПИД ва Гепатит В ва С);
4) СV ё резюме;
5) Мактуби тавсиявӣ (мотивационное и сопроводительное письмо);
5) Сертификати забони англисӣ барои бакалавр ILTS 5 / TOEFL 40 , барои магистрон ва доктор PhD ILTS 5.5 / TOEFL 50.
Барои номнавис шудан, хоҳишмандон метавонанд ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» (ш. Душанбе, кӯчаи М. Турсунзода 47) муроҷиат намоянд.
Телефонҳо барои тамос: 223-23-59

 

Февраль 11, 2020 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад