Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе моҳи март ба истифода дода мешавад

Февраль 5, 2020 11:00

ДУШАНБЕ, 05.02.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе — яке аз масҷидҳои калонтарин моҳи март, қабл аз ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба истифода дода мешавад. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода  иброз намуд.

Зикр гардид, ки фаъолияти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунҳо «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба роҳ монда шудааст.

Зимни нишаст иброз гардид, ки дар шашмоҳаи дуюми соли сипаригардида аз ҷониби комиссияҳои доимии танзим, анъана ва ҷашну маросим дар ҷараёни баргузории маъракаҳо дар маҷмӯъ 25 729   санҷиш гузаронида шуд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки соли 2019 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 695 ҳолати қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қайд гирифта шудааст.

Дар тӯли солҳои амалигардии ин қонун муносибатҳои иҷтимоии маросимӣ дар мамлакат ба танзим дароварда шуда, дар татбиқи  ҳадафҳои он аҳли ҷомеа нақши ҳалкунанда гузоштанд. Яъне дар ин муддат аҳли ҷомеа анъанаҳои гузаштагони худро эҳё намуда, то дараҷае сатҳи худнамоиву хурофотпарастӣ паст карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки 24 майи соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ қонуни зикршударо ба сифати нахустин қонуни миллии танзимкунандаи маросиму анъанаҳои миллӣ муаррифӣ намуданд. Ин буд, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон соли гузашта аз таҷрибаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намуда, дар кишвар амалӣ кардани чунин қонунро ба роҳ монданд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои боло бурдани сатҳи  некӯаҳволии мардум то андозаи таъсир гузошт.

Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода иброз намуд, ки ӯ ва муовинонаш рӯзҳои чоршанбе ва шанбе қабули шаҳрвандонро мунтазам ба роҳ монда, арзу шикоятҳои онҳоро қабул ва мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Февраль 5, 2020 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд