Мехоҳед дар озмуни «Авто-Бону-2020» ширкат варзед? Пас мо шуморо интизорем!
ДУШАНБЕ, 17.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 7 марти соли равон озмуни «Авто-Бону-2020» баргузор менамояд.
Озмуни мазкур 5 даврро дар бар гирифта, даври аввал «Варақаи боздид» — «Ман ва автомобилам» (ороиши автомобил), даври дуюм мусобиқаи «Донандагони Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ», сеюм рондани автомобил дар Автодром, чорум «Шарҳи қисмҳои автомобил» ва ниҳоят даври панҷум аз «Намоиши ҳунарҳои мардумӣ» иборат мебошад.
Озмун 7 март, соати 10:00, дар автодроми автоматонидашудаи ба номи А.Турсунов, воқеъ дар километри 7-уми кӯчаи С. Айнӣ доир мегардад.
Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон метавонанд ба суроғаи Раёсати БДА, кӯчаи Ҷ.Расулов-69 ва ё бо телефонҳои зерин 93-508-70-72, 236-07-58 муроҷиат намоянд.
Ғолибон ва иштирокчиёни озмун бо туҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ карда мешаванд.








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад






