Нахустнамоиши «Хостгорӣ» дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ доир гардид

Февраль 25, 2020 17:45

ДУШАНБЕ, 25.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ нахустнамоиши «Хостгорӣ» аз рӯи асари Антон Павлович Чехов манзури тамошобинон гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни намоиш гузориш медиҳад, он дар таҳияи коргардон ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлат Убайдуллоев ба саҳна гузошта шуд.

Муҳтавои асосии намоиш аз истифодаи босамари  вақт дар зиндагии  инсонҳо иборат мебошад.

Тарҷумони ин намоишнома Лола Ҳоҷибоева зимни суҳбат бо хабарнигори Агентӣ иброз дошт, ки ҳадафи таҳияи ин саҳна дар он буд, то инсонҳо аз гуфтори беҳуда дурӣ ҷӯянду вақтро ғанимат дошта, аз он дар ҳаёти худ самаранок истифода баранд.

Ёвари коргардон Боймурод Ҳаитов дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки «ин намоиш мондагор аст. Боварӣ дорам, ки ҳар тамошобине, ки ин спектаклро тамошо мекунад, ба қадри вақт ва истифодаи он дар зиндагӣ мерасад».

Намоиш хеле оммафаҳм ва равон омода шуда,  аз ҷониби тамошобин гарм истиқбол гардид.

Нақшҳои асосиро ҳунармандони маъруф Маҳмадӣ Мирзоев, Салоҳиддин Шукурзода, Шамсия Асанова, Марҷона Наврузмамадова ва дигарон иҷро намудаанд.

Ёдовар мешавем, км намоиш 27 феврал, соати 14:00, такроран ба саҳна гузошта мешавад.

Мавриди зикр аст, ки Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ яке аз аввалин театрҳои касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳунармандони театри мазкур кӯшиш мекунанд, ки бо саҳнаҳои ҷолиби диққат ва инъикоскунандаи  рӯзгори мардум аҳли ҷомеаро ба ин макони фарҳангӣ  боз ҳам бештар ҷалб намоянд.

Февраль 25, 2020 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд