Нуралӣ Шоҳиён: «Дар Донишгоҳи давлатии Данғара аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон 60 нафар ва аз Туркменистон 40 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд»

Февраль 14, 2020 10:00

ДУШАНБЕ, 14.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Айни замон дар  Донишгоҳи давлатии Данғара  аз хориҷи мамлакат  104 нафар донишҷӯ таҳсил мекунад. Аз ин теъдод  40 нафар донишҷӯ аз Туркменистон,  60 нафар аз Ҷумҳурии Узбекистон,  1 нафар аз Федератсияи Россия  ва  3 нафари дигар аз    кишвари Афғонистон мебошад. Донишгоҳи мазкур бо 60 таълимгоҳҳои мамлакат  ва 28 муассисаи таълимии  хориҷи  он шартномаҳои дуҷониба ба тасвиб расонида, бо онҳо  ҳамкории дуҷониба  судманд ба роҳ мондааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ  ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, доктори илмҳои педогогӣ, профессор Нуралӣ Шоҳиён ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Нуралӣ Шоҳиён гуфт, ки  Донишгоҳи давлатии Данғара бо истифода аз ғояҳои пешқадами педагогии низоми салоҳиятноки таҳсил аз рӯи зиёда аз 1800 фан ҳадафҳоро муайян сохта, модули муваффақияти гурӯҳҳои академиро таҳия ва дар амал татбиқ намуд. Натиҷаи татбиқи ин ҳуҷҷати муҳим буд, ки донишҷӯён сессияи имтиҳонии тобистонаро ба сатҳи азхудкунӣ ба 95% супориданд. Натиҷаи даври фаъоли сессияи имтиҳонии зимистонаи соли таҳсили 2019-2020 нишон дод, ки дар донишгоҳ сатҳи азхудкунии фанҳои таълимӣ ба 78% баробар аст.

«Дар донишгоҳ барномаи тезамали омода намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ таҳия гардидааст, ки тибқи он мебоист то соли 2021 на кам аз 50 нафар омӯзгор рисолаҳои илмии номзадӣ ва докториро дифоъ намоянд»,- афзуд номбурда.

Н.Шоҳиён иброз дошт, ки  аз  давраи нишасти матбуотии гузашта то имрӯз 7 нафар омӯзгори донишгоҳ рисолаи илмӣ  ҳимоя намуд, ки ин дастоварди назаррас тайи 10 соли охир ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон барои ҳимояи рисолаи илмӣ то  моҳи сентябри соли равон  15 нафар омӯзгор тайёрӣ мебинад. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби омӯзгорону олимони донишгоҳ 2 адад шаҳодатномаи зеҳнӣ ба даст оварда шуд.

Февраль 14, 2020 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст