Пагоҳ дастаҳои «Хуҷанд» ва «Нефтчӣ»-и Қирғизистон байни ҳам рақобат мекунанд
ДУШАНБЕ, 18.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дорандаи медалҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон-дастаи футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд аввалин бозиашро дар доираи плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 19 феврал дар сафар ба муқобили дастаи «Нефтчӣ»-и Қирғизистон баргузор мекунад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, дастаи футболи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон бозии ҷавобияшро дар плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 26 феврал дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мекунад. Бозӣ бо дархости дастаи футболи «Хуҷанд» бинобар омодагӣ ба ҷашни Наврӯз дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и Хуҷанд ба Душанбе гузаронида шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар сурати пирӯзӣ дастаи «Хуҷанд» ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи гурӯҳии ин мусобиқаи қитъавӣ мушарраф шуда, дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон, «Олтин Асир»-и Туркманистон ва «Дордой»-и Қирғизистон рақобат мекунад.
Ҷоми АFC-2020
Минтақаи марказӣ
Плей-офф. Бозии аввал
19-уми феврал (чоршанбе)
Оғози бозӣ – соати 14:00 (бо вақти маҳаллӣ)
«Нефтчӣ» (Қирғизистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон)
Сардовар: Чае Санг-Ҳёп (Кореяи Ҷанубӣ)
Ҷалолобод, варзишгоҳи «Қурмонбек»
Плей-офф. Бозии ҷавобӣ
26-уми феврал (чоршанбе)
Оғози бозӣ – соати 16:00 (бо вақти Душанбе)
«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Нефтчӣ» (Қирғизистон)
Сардовар: Аҳмад Файсал Муҳаммад Ал-Алӣ (Урдун).
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






