Профессор Сайфиддин Давлатзода, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар: Хориҷ кардани донишҷӯ роҳи ҳалли масъала нест
ДУШАНБЕ, 02.02.2020/АМИТ «Ховар»/. Хориҷ кардани донишҷӯён роҳи ҳалли масъала нест, иброз дошт ректори Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрави шаҳри Бохтар Сайфиддин Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 31-уми январ баргузор гардид.
Номбурда ба саволи хабарнигор дар бораи он ки дар соли 2019 чанд нафар донишҷӯён барои насупоридани имтиҳоноти даврӣ ва маблағи шартнома хориҷ шудаанд, чунин посух дод:
«Ман ҳанӯз дар вазифаи муовини Вазири маориф ва илм кор карданам, ки назорати донишгоҳҳо бар уҳдаи ман буд, зидди хориҷ кардани донишҷӯён бо сабаби саривақт насупурдани маблағи шартнома ё имтиҳонҳои даврӣ будам. Зимни баррасии аризаҳое, ки ба вазорат вобаста ба ин масъала ворид мешуданд, ба донишгоҳҳо тавсия медодем, ки ба донишҷӯён имкон бидиҳанд, то давра ба давра маблағи шартнома ва имтиҳоноти худро такроран бисупоранд».
Сайфиддин Давлаттзода ҳамзамон илова кард, ки вазъи иҷтимоии баъзе аз оилаҳоро бояд ба назар гирифт ва ба онҳо имкон дод, ки дар ду давра маблағи шартномаашонро супоранд.
«Вақте донишҷӯ хориҷ мешавад, ӯ ҷавон асту бекор мемонад. Вақте бекор монд, ба ҳар гуна ҷиноят даст зааданаш имкон дорад. Аз ин хотир, бо он донишҷӯёне, ки имтиҳонҳои давриро саривақт супурда наметавонанд, бояд корбарӣ кард, то бо ҳамкурсони худ баробар шуда тавонанд. Хориҷ кардан роҳи ҳалли масъала нест», — гуфт ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар.
Дар идомаи суҳбаташ Сайфиддин Давлатзода изҳор дошт, ки ба ин масъала диққат хоҳад дод ва ҳамчун сарвари донишгоҳ то ҳадди ақал кӯшиш мекунад, ки ягон донишҷӯ хориҷ нашавад.
Хотиррасон менамоем, ки Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ба тозагӣ, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли равон, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таъйин шудааст. Қаблан дар вазифаҳои дотсенти кафедраи ботаникаи факултети биологияи ДМТ, сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, узви Шӯрои байнадавлатии аттестатсионӣ низ будааст. Доктори илмҳои биология, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон мебошад.









Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд






