Райнер Мюллер-Ханке Раиси Раёсати ҶСК «Бонки Эсхата» таъйин шуд

Февраль 18, 2020 16:54

ДУШАНБЕ, 18.02.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Қарори Шӯрои нозирони Бонк бо мақсади рушд, татбиқи минбаъдаи стратегияи тиҷоратии «Бонки Эсхата» ва бо назардошти ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадаму таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ дар соҳаи бонкдорӣ, ҳамзамон баҳри мутобиқати мақоми бонк, қабул карда шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ҶСК «Бонки Эсхата».

Интихоб ва таъйини Райнер Мюллер-Ханке ба ҳайси роҳбари «Бонки Эсхата» бо назардошти таҷрибаи калони кории ӯ дар вазифаҳои муҳим дар бонкҳои тиҷорати хориҷӣ ва дар маҷмӯъ дар бонкдории байналмилалӣ сурат гирифт. Дар «Бонки Эсхата» боварӣ доранд, ки таҷрибаи ғанӣ ва диди касбии роҳбарро ҳайати кормандон бо мақсади ташаккулёбии он ҳамчун бонки инноватсионӣ ва технологӣ, ки онро замон ва мизоҷон талаб мекунанд, дастгирӣ менамоянд.

Райнер Мюллер-Ханке соли 1960 дар Олмон таваллуд шудааст. Ӯ дар фаъолияти бонкӣ дорои таҷрибаи беш аз бистсола дар кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, инчунин Федератсияи Россия мебошад. Ӯ дараҷаи магистр оид ба иқтисодиёти Донишгоҳи Озоди Берлинро дошта, дар донишгоҳҳои Ҳайделберг ва Мадрид дар риштаи иқтисодиёт таҳсил кардааст.

Райнер Мюллер-Ҳанке дорои таҷрибаи ғанӣ ҳамчун менеҷери роҳбарикунанда дар «KMB Bank» — бонки гурӯҳи итолиёвии «Intesa Sanpaolo» дар Россия, «Swedbank» — бонки гурӯҳи Шветсия дар Украина ва инчунин ба ҳайси узви Шӯрои нозирони «FinComBank»-и Молдова ва ҶСП «AccessBank» дар Озарбойҷон мебошад.

Дар гузашта ӯ узви Кумитаи Идораи Палатаи савдои Олмону Россия дар Москва, мушовири калони бонкии Ширкати байналмилалии машваратӣ, ҳамраиси барномаи БАТР — Бунёди тиҷорати хурди Россия ва ҳамоҳангсози машваратчии пешбари бонкҳои шарики Россия буд.

Февраль 18, 2020 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд