Сомон ва Беҳрӯз дар Мусобиқаи байналмилалии дзюдо «Paris Grand Slam 2020» мақоми ҳафтумро ишғол карданд

Февраль 10, 2020 09:17

ДУШАНБЕ, 10.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони шинохтаи  тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков дар Мусобиқаи байналмилалии дзюдо «Paris Grand Slam 2020», ки дар шаҳри Парижи Франсия баргузор гардид, ҷойҳои ҳафтумро соҳиб шуданд. Ҳарду дар рӯзи аввали мусобиқа  дар вазни то 73 кило рақобат карданд. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад.

Ба  иттилои номбурда, Беҳрӯзи Хоҷазода аз панҷ рақобат дар сетоаш пирӯзӣ ба даст овард ва дар ду қувваозмоӣ мағлуб шуд. Вай, ки дар даври аввал озод буд, баъди се пирӯзӣ бар Уилям Тай Тин (Самоа), Тео Ригуин (Франсия) ва Шамил Ҷавбатиров (Германия) ба чорякфинал роҳ ёфт. Вале ӯ дар даври чорякниҳоӣ аз Соичи Ҳашимото (Япония) мағлуб  гашт. Сипас дар даври тасаллобахш аз Масаши Эбинуми (Япония) ноком шуд ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб намуд.

Сомон Маҳмадбеков аз шаш рақобат дар чаҳортояш ғолиб омада, дутоашро бохт. Ӯ бар Ҷорҷ Фернандес (Португалия), Дирк Ван Тичелт (Белгия), Никола Гардасевич (Монтенегро) ва Муҳаммад Муҳиддин (Миср) дастболо шуда, ба даври чорякниҳоӣ роҳ пайдо кард. Вале Сомон дар чорякфинал аз Жансай Смагулов (Қазоқистон) мағлуб гашт. Баъдан дар даври тасаллобахш аз Ҳикматуллоҳ Тӯраев (Ӯзбекистон) шикаст хӯрда, дар натиҷа мақоми ҳафтумро аз они худ кард.

Ба иттилои   Федератсияи байналмилалии  дзюдо, дар «Paris Grand Slam 2020» 683 нафар варзишгарон (407 мард ва 276 зан) аз 115 кишвари панҷ қитъаи дунё ширкат намуданд

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон панҷ варзишгар дохил буд, ки дар сабқати мардон иштирок карданд. Ба ҷуз аз Беҳрӯзи Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков Тоҷикистонро Акмал Муродов (то 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (беш аз 100 кг) намояндагӣ  намуданд.

Зимнан, мусобиқаи мазкури  «Paris Grand Slam 2020» баъди Гран-прии Тел-Авив (Исроил) дуюмин мусобиқаи имсола аз силсилаи мусобиқоти ҷаҳонии дзюдо ба шумор меравад.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи дуюми мусобиқаи Гран слами Париж Тоҷикистонро се варзишгари шинохта- Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳи Устопириён (-90кг) ва Шакармамад Мирмамадов (+100кг) намояндагӣ карданд.

Акмал Муродов (-81кг), ки дар даври аввал озод буд, рақобатро аз даври дуюм бар муқобили намояндаи ҳамсоякишвари Ӯзбекистон Камолиддин Расулов баргузор кард. Дар ин рақобат Акмал бо ду ваза-ари шикаст хӯрда, аз идомаи сабқатҳо бенасиб шуд.

Комроншоҳи Устопириён (-90кг) барои баромадан ба даври дуюм дзюдочии кишвари Колумбия — Баланта Франсискоро шикаст дод. Дар давр дуюм Устопириён аз Кристофер Калюлайди эстонӣ мағлуб гардид.

Варзишгари  дигари тоҷик Шакармамад Мирмамадов (+100кг) дар даври нахуст аз намояндаи Муғулистон — Тувшинбаяр Найдангийн шикаст хӯрд.

Дар рӯзи якуми ин мусобиқа Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯзи Хоҷазода ҳарду  дар  вазни -73 кг сазовори зинаи 7-ум гардида буданд.

Ҳамин тавр, мусобиқаи Paris Grand Slam 2020 барои паҳлавонони тоҷик бидуни ба даст овардани медал хотима ёфт.

Бояд зикр кард, ки соли гузашта дар Мусобиқаи байналмилалии дзюдо «Paris Grand Slam 2019» чаҳор варзишгари тоҷик — Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду дар вазни то  73 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Саидҷалол Саидов (-100 кг) иштирок карда, дар даврҳои муқаддамотӣ аз ҳарифонашон ноком шуда буданд.

Февраль 10, 2020 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд