ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 феврал, якшанбе, 33-юмин рӯзи соли 2020 аст

Февраль 2, 2020 08:00

2 феврали соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт дарахтони нодири сояафкану ороишӣ шинонида, ба вусъати маъракаи ниҳолшинонӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф ҳусни оғоз бахшиданд.

***

3 сол пеш, 2 феврали соли 2017 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония ба Сарвазири Япония Синдзо Абэ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: «Тағйирот ва таҳаввулоти хеле ҷолибе, ки тайи ин солҳо дар муносиботи дӯстонаи Тоҷикистон ва Япония рух доданд, далели равшани эҳтимоми ҷонибҳо ба рушди равобити ҳасана байни ду давлат дар бахшҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошанд».

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи сиёсати давлатии саноат» — ро баррасӣ намуд.

2 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи паҳн намудани иттилоот дар бораи артрити ревматоидӣ

***

Дар Озарбойҷон – Рӯзи ҷавонон.

 РӮЙДОДҲО:

2 феврали соли 1992 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда шуданд.

 ***

2 феврали соли 2016  дар Душанбе маросими қуръапартоии марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ баргузор гардид.

***

3 сол пеш, 2 феврали соли 2017 дар шаҳри Душанбе нобудкунии навбатии маводи мухаддир баргузор гардид. Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қонунгузорӣ дар оташдони махсус зиёда аз 430 килограмм маводи мухаддирро сӯзонид.

***

2 феврали соли 1924 Федератсияи байналмилалии варзиши лижаронӣ таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2003 дар Қирғизистон раъйпурсӣ баргузор гардид ва Конститутсияи ин ҷумҳурӣ дар таҳрири нав қабул карда шуд.

***

2 феврали соли 2003 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гандбол дастаи Хорватия дастаи Германияро бо ҳисоби 34-31 мағлуб кард ва чемпиони ҷаҳон шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

Соли 2017 дар Душанбе ҳамкории судманд ва гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Венгрия муҳокима гардиданд.

***

Соли 1970 дар Мюнхен аввалин маротиба чарроҳии аз як нафар ба нафари дигар гузаронидани асабҳо гузаронида шуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Февраль 2, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш