«Тараннумгари сухан»-таҳти ин унвон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 21.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 9 апрел дар саросари ҷумҳурӣ Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Тараннумгари сухан» баргузор мегардад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Фестивал бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» дар ҳамкорӣ ва дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор мегардад.
Ҳадаф аз баргузории фестивал ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин восита дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.
Бино ба иттилои манбаъ, дар фестивал озмунҳои гуногун аз қабили озмуни расмҳо аз рӯи асарҳои кӯдакона- «Китобчаи дӯстдоштаи ман», Озмуни хабарнигорон «Барои беҳтарин инъикоси таҷрибаи коллективҳои меҳнатӣ оид ба тарғиби китоб ва рушди хониш дар ВАО», сабқатҳои «Фурӯхташавандатарин китоб», «Фаъолтарин хонандаи ҷавон», «Машҳуртарин нависандаи кӯдакон», «Фаъолтарин китобхона ва хонандаи ҷавон», «Ровиёни ҷавон» баргузор мегарданд. Дар доираи фестивал инчунин вохӯрии хонандагон бо адибон, суҳбатҳои «мизи гирд» ва муаррифии китобҳои нав дар назар аст.
Фестивали имсола ба ифтихори 29-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, иди Наврӯзи байналмилалӣ, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 — 2028», Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, инчунин ҷашну зодрӯзи адибону олимон ва таълифи китобҳои тозанашре, ки солҳои 2019 — 2020 интишор ёфтаанд, бахшида мешавад.
Дар Фестивали мазкур аҳли илму адаб иштирок менамоянд.
Ғолибони озмунҳои фестивал бо китобҳо, туҳфаҳо, армуғонҳо, ифтихорномаву дипломҳо мукофотонида мешаванд. Инчунин созмондиҳандагон, иштирокчиёни фаъоли фестивал, китобдорон, адибону олимон, омӯзгорон, хонандагон, кормандони воситаҳои ахбори омма, муассисаву ташкилот, шахсони алоҳида аз ҷониби Кумитаи тадорукот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мукофотҳои пулӣ, туҳфаҳо, ифтихорномаҳо ва нишонҳои сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ карда мешаванд.
Маълумот оид ба Низомномаи феставилро метавон аз сомонаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон https://www.vfarhang.tj/ пайдо кард.








54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Дар Хатлон барои баргузории даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ беш аз 2 миллион сомонӣ ҷудо гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова даври муассисавии озмун оғоз гардид
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд






