Тоҷикистон ва Туркия оид ба осору рӯзгори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ конфронси муштарак доир менамоянд
ДУШАНБЕ, 27.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия тасмим гирифтаанд, ки оид ба осору рӯзгори мутафаккири машриқзамин Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳо конфронс ва дигар барномаҳои муштарак баргузор намоянд. Ин нукта 25 феврал зимни мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ Рифат Кёксал баён гардид.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳамчунин зимни мулоқот масоили умдаи ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Зулфия Давлатзода оид ба фаъолияти дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои он, ҳамкорӣ ва равобити дуҷониба дар даврони соҳибистиқлолӣ зери роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар меҳвари сиёсати дарҳои боз маълумоти муфассал дод.
Сафири Туркия Алӣ Рифат Кёксал иброз намуд, ки ҷониби Туркия омода аст бо мамлакати дӯсти Тоҷикистон дар тақвияти ҳамкорӣ боз ҳам саъй намояд.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






