ТУТ гурӯҳи коршиносонро дар робита ба бемории коронавирус ба Чин равон намуд

Февраль 10, 2020 08:54

ДУШАНБЕ, 10.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи коршиносони  варзидаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ  (ТУТ)  барои омӯхтани вазъияти  дар натиҷаи коронавирус пайдошуда  ба Чин рафтанд,  иттилоъ дод директори генералии  ин ташкилот  Тедрос Адхан Гебрейесус, хабар медиҳад АМИТ «Ховар». 

ТУТ охири моҳи январ эълон намуд, ки ба наздикӣ  коршиносони байналмилалӣ ба Чин рафта, ба олимони чинӣ  дар омӯхтани коронавируси нав ва роҳҳои мубориза бо он  кумак менамоянд.

«Ман худи ҳозир дар фурудгоҳ будам  ва аъзои гурӯҳи  пешбари ҳайати байналмилалии коршиносони  ТУТ  оид ба вазъияти   баамаломада дар робита ба коронавируси 2019nCov –ро ба Чин гусел намудам»,- менависад директори генералии ташкилот дар «Twitter».

Ӯ илова намуд, ки ба гурӯҳ  доктор  Брюс Эйлворд, ки дорои таҷрибаи ғанӣ дар ҳолатҳои  фавқулодаи қаблӣ  дар соҳаи тандурустӣ  мебошад, роҳбарӣ менамояд.

Февраль 10, 2020 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд