Вазорати маориф ва илм барои дарёфти Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф озмун эълон намуд
ДУШАНБЕ, 05.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф дар соли 2020 озмун эълон намуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Бино ба хабари манбаъ, ба диққати сардорони раёсатҳои маорифи вилоятҳо, шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ расонида мешавад, ки ҷиҳати иштирок дар озмун ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон то 20 март номзадҳои худро пешниҳод намоянд.
Мавриди зикр аст, ки ҷоизаи мазкур тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2006 таъсис дода шудааст. Ҷоиза дорои панҷ мукофот буда, маблағи умумии он 2 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки то имрӯз дар соҳаи маориф 34 нафар бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд.
Озмун барои гирифтани Ҷоиза дар ду сол як маротиба доир мегардад. Ҷоиза аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад.








Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд






