Вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Султони Бруней-Доруссалом
ДУШАНБЕ, 11.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 10 феврал Султони Бруней Доруссалом Ҳассанал Балкияҳ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот доираи васеи масоили марбут ба ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гуногун баррасӣ шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъватномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони Султони Бруней Ҳассанал Балкияҳ ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд «Об барои рушди устувор» дар Душанбе супорид.
Султони Бруней дуруду паёми самимонаи хешро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуда, бо ишора ба сафари давлатии Сарвари давлати Тоҷикистон ба Бруней дар соли 2010 таъкид намуд, ки танзими сафари ҷавобӣ мавриди пайгирӣ қарор хоҳад гирифт.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва самимият сурат гирифт.
Акс аз сомонаи ВКХ ҶТ








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






