«Зиракии сиёсии ҷавонон дар мубориза бар зидди терроризм нақши калидӣ дорад»-бардошт аз семинари илмӣ-амалӣ дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 28.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо таъсири интернет, шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ иддае аз ҷавонони сустиродаву ноогоҳ ба доми тазвири гурӯҳҳои манфиатҷӯ афтида, ба миллату Ватани худ хиёнат менамоянд, обрӯ ва мақоми мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ паст мегардонанд.
Ин нукта дар семинари илмӣ- амалӣ, ки дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Терроризм — таҳдид ба амнияти ҷаҳон» баргузор шуд, баён гардид.
Тавре аз Академияи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар семинар сардори раёсати илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Восит Салоҳиддинов, декани факултети муносибатҳои байналмилалӣ Фаридун Бобозода, мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотӣ Силмон Мавлонназаров, намояндаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Равшаналиев, директори фонди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет” Муҳаммадӣ Ибодуллоев, устодон, донишҷӯёну магистрантон иштирок ва сухан намуданд.
Силмон Мавлоназаров иброз дошт, ки терроризм ва эктремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, сабаби ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини рӯҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст.
Терроризм ва эктремизм дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботи ва вайронкорӣ меорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бар зидди терроризм ва эктремизм қарор дошта, онро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва ҷаҳон медонад.
Фирӯз Равшаналиев изҳор дошт, ки дар ҷаҳони имрӯза кишваре нест, ки аз таъсири амалҳои гурӯҳҳои террористӣ нигарон набошад. Террор- ин таҳдид ба тамаддуни ҷаҳонӣ буда, террористон арзишҳои олии умумибашарӣ, миллӣ ва динию мазҳабиро зери по карда, бо мақсади амалӣ гардонидани ҳадафҳои ғайриинсонии худ ба зӯроварӣ, вайрону валангор намудани мероси фарҳангии бостонии халқу миллатҳо даст мезананд.
Дар марҳалаи ҳозира рушд ёфтани фаъолияти таълимоти экстремистӣ ва террористӣ аҳли ҷомеаи мамлакатро водор месозад, ки кори доимиро байни ҷавонон бо мақсади баланд бардоштани масъулияти онҳо дар таҳкими сулҳу субот, озодию истиқлолияти давлатӣ ва таъмини амният самарабахш амалӣ созем.
Рушд ва нуфузи ҳар як кишвар дар арсаи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, ба он вобаста аст, ки ҷавонон то чӣ андоза дорои маърифати сиёсиву фарҳангӣ ва ихтисосу дониши муосир буда, ҳадафу вазифаҳои худро вобаста ба бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дарк менамоянд.
Муҳаммадӣ Ибодуллоев вобаста ба ҷалби ҷавонон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ибрози назар намуда, зикр кард, ки дар шароити ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, инчунин торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии ҷавонон аҳамияти бағоят бузург касб менамояд. Имрӯзҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба масъалаи мазкур корҳои босамар амалӣ гашта, тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодаанд.
Дар охир изҳори умедворӣ карда шуд, ки ҷавонони шарафманди тоҷик бо дарки пойдории ваҳдату истиқлолият ва фароҳамии шароити мусоид омода ҳастанд, ки бо донишу малакаи муосир, ҷаҳонбинии васеъ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ ба Тоҷикистони азизи худ хизматҳои шоиста ба ҷо оварда, ҳар гӯшаву канори онро ҳифз намоянд ва барои рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат ҳиссаи арзандаи худро гузоранду ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат бошанд.








СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст






