ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкори маҳаллӣ дар Конибодом бинои истиқоматии бисёрошёна месозад
ДУШАНБЕ, 18.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Конибодом аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Самиҷон Қобилов бинои истиқоматии бисёрошёна бунёд мегардад. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни бунёдкориҳо ба шаҳри Конибодом сафари корӣ анҷом дод. Тавре зикр гардид, дар шаҳр аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Самиҷон Қобилов бинои истиқоматии бисёрошёна ба истифода дода мешавад. Навбати аввали сохтмон бо таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои нақлиёт ва майдончаҳои бозии кӯдакон моҳи сентябри соли 2020 мавриди истифода қарор мегирад.
Ҳамчунин то моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Конибодом майдони Нишони давлатӣ ба истифода дода мешавад. Нишони мазкур дар маркази шаҳр ҷойгир буда, масоҳати умумии он 1 гектарро ташкил медиҳад,
Раиси вилоят бо ҷараёни навсозии собиқ кинотеатри ба номи Комил Ёрматов, ки дар ҳудуди боғи фарҳанг ва истироҳати шаҳри Конибодом ҷойгир аст, шинос гардид. Бинои кинотеатр соли 1959 бунёд ёфта, айни замон дар мувозинаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом қарор дорад. Навсозии бинои мазкур бо 500 ҷойи нишаст бо маблағгузории буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят амалӣ карда мешавад.
Ҳамчунин бо маблағгузорӣ аз буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом навсозии боғи фарҳанг ва истироҳати шаҳр сурат мегирад. Боғи мазкур дар кӯчаи ба номи Исмоили Сомонӣ ҷойгир буда, масоҳати он 3,8 гектарро ташкил медиҳад.
Дар шаҳри Конибодом ҶСК «Конибодом» фаъолият мекунад, ки ба истеҳсоли конвсерва машғул мебошад. Айни замон дар он зиёда аз 70 нафар машғули коранд. Роҳбарияти корхона тасмим дорад, ки бо мақсади васеъ намудани доираи фаъолият барои нигоҳдории 1200 тонна маҳсулот сардхона ва барои коркарди меваи хушк сехи банду баст ташкил намояд.
Дар ҷараёни сафар Раҷаббой Аҳмадзода ташаббуси соҳибкоронро хуш истиқбол намуда, ҷиҳати бо сифати баланд бунёд кардани иншооти ба нақша гирифташуда, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот ва содироти он ба хориҷи мамлакат тавсия дод.









35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






