Бозиҳои Ҷоми КФО-2020 бо иштироки «Истиқлол» ва «Хуҷанд» ба вақти дигар гузаронда шуданд

Март 19, 2020 08:40

ДУШАНБЕ, 19.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. 18 март Конфедератсияи футболи Осиё ба таъхир гузоштани ҳамаи бозиҳои мусобиқаҳои худро, ки мувофиқи нақша бояд моҳҳои март ва апрел баргузор мешуданд, вобаста ба хуруҷи бемории коронавирус расман эълон намуд. Дар ин бора мухбири  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бо сабаби  хуруҷи ин беморӣ ва  маҳдуд шудани омаду рафт, инчунин бо назардошти саломатӣ ва бехатарии футболбозон ва чанд дархосте, ки аз ассотсиатсияҳои ширкаткунанда ворид шудаанд, Конфедератсияи футболи Осиё тасмим гирифт, ки ҳамаи бозиҳои мусобиқоти худро, ки аз рӯи нақша бояд моҳҳои март ва апрел баргузор мегаштанд, ба таъхир гузорад.

Конфедератсияи футболи Осиё пеш аз пешниҳоди санаҳои нав барои бозиҳои ба таъхир гузошташуда вазъро бодиққат арзёбӣ ва назорат мекунад. Ба ин тартиб чор бозии моҳи апрелии Ҷоми КФО-2020 бо иштироки дастаҳои Тоҷикистон – «Олтин Асир» – «Истиқлол» (15 апрел, Ашқобод), «Хуҷанд» – «Дордой» (15 апрел, Хуҷанд), «Хуҷанд» – «Олтин Асир» (28 апрел, Хуҷанд) ва «Истиқлол» – «Дордой» (29 апрел, Душанбе) ба вақти дертар гузошта шуданд.

Ёдрас мешавем, ки қаблан бозии даври ҳафтуми мусобиқоти интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» байни дастаҳои  мунтахаби  Тоҷикистон ва Муғулистон, ки бояд   26 март дар Варзишгоҳи марказии  шаҳри Душанбе баргузор мешуд, ба вақти дигар гузошта шуд. Инчунин бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 байни дастаҳои мунтахаби  Япония – Тоҷикистон (4 июн) ва Тоҷикистон – Мянма (9 июн) низ ба санаи номуайян гузошта шуданд.

Март 19, 2020 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд