Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Рӯзи Модарро таҷлил карданд
ДУШАНБЕ, 07.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Модар бо ибтикори роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо иштироки занону бонувони донишгоҳ барномаи идона баргузор гардид.
Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” маҳфили идонаро Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ифтитоҳ намуда, бонувон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳро ба муносибати Рӯзи Модар табрик намуд.
Зикр шуд, ки воқеан ҳам Рӯзи Модар, ки бо Фармони Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири бузургдошти модарон эълон гардидааст, ҳамчун рамзи саодат ҳамасола дар қаламрави ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос пазироӣ мешавад.
Гуфта шуд, ки ҳамасола бо ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар муассисаҳои давлатӣ ва таълимии мамлакат заҳмати устодони соҳибхиради донишгоҳ бо мукофотҳои давлатӣ қадр мешаванд. Аз ҷумла, соли 2019 аз 8 нафар гирандагони мукофоти давлатӣ дар донишгоҳ 3 нафар профессорон бо медалҳои «Хидмати шоиста», як нафар бо Ҷойизаи байнамилалии Озарбойҷон ва як нафар бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидаанд, ки ин аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти давлату ҳукумат шаҳодат медиҳад.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҷиҳати пиёда намудани сиёсати Пешвои миллат, хосатан дар самти баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми занон дар ҷомеа ва ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои муҳими амалиро ба роҳ мондааст. Ин аст, ки аксари занону бонувон дар факултетҳо, кафедраҳо ва марказҳои илмӣ дар вазифаҳои роҳбарӣ қарор дошта, дар пешбурди кори донишгоҳ фаъолияти назаррас доранд.








Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид






