Дар Душанбе дар мавзӯи «Муаррифии ихтироот ба истеҳсолот» ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 11.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Муаррифии ихтироот ба истеҳсолот» ҳамоиш доир гардид.
Ҳамоиши мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамзамон иҷрои вазифаҳои «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» роҳандозӣ гардид. Дар он ихтирооти тайи панҷ соли охир ҳифзшуда ба доираи васеи истеҳсолкунандагону соҳибкорон муаррифӣ карда мешаванд.
Ба истеҳсолкунандагон аз ҷониби олимони ихтироъкор 60 ихтироъ аз соҳаи тиб, байторӣ, химия, металлургия, физика, барқ, кишоварзӣ, механика, нассоҷӣ, сохтмон ва корҳои кӯҳӣ дар шакли рӯнамо манзур мегардад.
Мақсади дигари баргузории ҳамоиш аз иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат ва алоқамандии илм бо истеҳсолот иборат мебошад.








Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад






