Дар Душанбе дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Япония баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 12.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. 11 март муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳир Саидзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюкӣ Мияшитаро ба ҳузур пазируфт.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Япония дар заминаҳои гуногун баррасӣ шуданд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ду давлатро зиёда аз 63 созишномаҳои байниҳукуматӣ ташкил медиҳанд.
Воситаи дигари мусоид барои ҳамкорӣ Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония» маҳсуб мегардад, ки дар 7-умин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи “Осиёи Марказӣ+Япония” 16-17 майи 2019 дар Душанбе баргузор гардида буд.
Аҳамияти зиёдро барои таҳкими ҳамкории дуҷониба фаъолияти Агентии ҳамкории байналмилалии Япония (JICA), ки аз 2006 дар рушди соҳаҳои иҷтимоии Тоҷикистон саҳм мегузорад, молик аст.
Акс аз ВКХ ҶТ








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд






