Дар Хатлон шумораи соҳибкорон меафзояд

Март 13, 2020 10:40

БОХТАР, 13.03.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар ду моҳи соли равон  дар вилояти Хатлон раванди  зиёд шудани  шумораи соҳибкорон  ба назар мерасад. Дар ин давра аз ҳисоби соҳибкорон 16,4 миллион сомонӣ ба буҷа ворид шудааст. Дар ин бора аз маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон   хабар доданд.

Дар вилоят шумораи соҳибкороне, ки  бо иҷозатнома  ва шаҳодатнома кор мекунанд, 32,6 ҳазорро ташкил дода, дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 676 нафар зиёд  мебошад.

Афзудани шумораи соҳибкорон имкон фароҳам  овард, ки аҳолӣ бо кор таъмин шуда, буҷети вилоят ғанитар гардад.

Ба ҷуз ин, бо мақсади бо кор таъмин намудани аҳолӣ дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои  вилоят 52 ярмаркаи  ҷои кор баргузор гардид, ки дар онҳо 1244 ҷой барои кор пешниҳод  шуданд.

Март 13, 2020 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад