Дар Норак ба шарафи Рӯзи Модар ҳамоиши идона баргузор гардид
НОРАК, 06.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Норак Маликшо Неъматзода бахшида ба Рӯзи Модар бо коргарзанони Муассисаи давлатии «Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидорӣ»-и шаҳр, донишҷӯдухтароне, ки тибқи квотаи президентӣ дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ таҳсил менамоянд ва занони собиқадори меҳнат, фаъолзанони корхонаву муассисаҳои шаҳр, эҷодкорону ҳунармандон вохӯрӣ намуд.
Маликшо Неъматзода зикр кард, ки шаҳри Норак маҳз бо кӯшишу заҳмат ва меҳнати шабонарӯзии коргарзанони шаҳр дар қатори шаҳрҳои беҳтарини ҷумҳурӣ ҷо гирифта, аз ҷониби сайёҳони хориҷию дохилӣ баҳои мусбат гирифтааст.
Раиси шаҳри Норак Маликшо Неъматзода нақши занонро дар пешрафти ҷомеа, саҳми арзандаи онҳоро дар тарзи ҳаёти солим, тарбияи насли наврас, корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ махсусан зикр намуда, гуфт, ки шумораи зиёди занон дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр, бахусус саноату энергетика, хизматрасонии маишӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ба меҳнати софдилона машғул мебошанд.
Дар ҳамоиши идона барои меҳнати софдилона 60 нафар коргарзанони идораи Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидорӣ»-и шаҳр, 43 нафар донишҷӯдухтароне, ки тибқи квотаи президентӣ дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ таҳсил менамоянд, бо туҳфаҳо ва маблағҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ шуданд.
Ҳамчунин барои саҳми муносиб дар корҳои ҷамъиятию сиёсӣ, иштироки фаъолона дар амалӣ намудани чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи фаъолзанон ва собиқадорони меҳнат бо ифтихорномаю сипосномаҳои мақомоти иҷроия ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.








Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд






