ЭҲТИЁТ-НИМИ ҲАЁТ! Дар қисми зиёди минтақаҳои Тоҷикистон хатари баланд шудани оби дарёҳо, фаромадани сел ва сангрезӣ пешгӯӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 30.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон ҳавои номусоид боқӣ монда, дар қисми зиёди минтақаҳои мамлакат хатари эҳтимолии баланд шудани оби дарёҳо, фаромадани сел ва сангрезӣ пешгӯӣ мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Манбаъ бо нашри як иттилоия аз шаҳрвандону меҳмонони мамлакат даъват ба амал овардааст, ки аз рафтан ба назди обанбор, каналу дарёҳо ва саёҳат ба кӯҳҳо худдорӣ намоянд.
Рӯзҳои наздик серобшавии дарёҳо эҳтимол сабаби шустани пулҳо ва сарбандҳои хурд гардида, қисмати роҳҳоро вайрон кунад. Номусоидии боду ҳаво инчунин ба чаронидан ва нигоҳубини чорво дар саҳро мушкилӣ пеш меорад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар робита ба ин аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки дар ин рӯзҳо дар хона монда, қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.
«Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолатҳои фавқулода дар роҳҳои мошингузар, махсусан роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо Кумита аз ронандагон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ҳангоми сафарҳои шабона қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя карда, суръати ҳаракатро муътадил нигоҳ доранд», — омадааст дар иттилоияи манбаъ.








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад






