Хадамоти давлатии «Муҳофиза» соҳиби бинои нав мегардад
ДУШАНБЕ, 10.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои бунёдкорию созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 март Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода аз ҷараёни сохтмони бинои нави Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ дидан намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Бинои маъмурӣ аз таҳхона ва ҳашт ошёна иборат буда, дар он тамоми инфрасохтори зарурӣ ба нақша гирифта шуда, барои кормандони Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ВКД пешбинӣ шудааст.
Дар таҳхонаи иморати таъмиршаванда ошхона, толори варзишӣ, дар ошёнаи якум қисми навбатдорӣ, утоқҳои истироҳатӣ ва дар дигар қисмати бино ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ, конфронсзал ва меҳмонхона бо шароити замонавӣ бунёд карда мешаванд.
Вазири корҳои дохилӣ бо таъмиру навсозии бинои Хадамоти мазкур шиносоӣ пайдо намуда, барои вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.








Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ






