Имрӯз «Истиқлол» ва «Хуҷанд» дар даври аввали Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 бозӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 11.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар нахустин даври марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 дар гурӯҳи «D» ду даста аз Тоҷикистон — «Истиқлол» ва «Хуҷанд» бо ҳам вориди рақобат мешаванд. Ин бозӣ соати 18:00, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе оғоз меёбад. Мавзӯи мазкурро мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.
Дастаи футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар гурӯҳи «D» бо дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон, «Олтин Асир»-и Туркманистон ва «Дордой»-и Қирғизистон рақобат хоҳад кард. Тавре қаблан хабар додем, дастаи футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд — дорандаи медалҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии ҷавобии даври муқаддамотии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020-ро ба муқобили дастаи футболи «Нефтчӣ»-и Қирғизистон баргузор намуд.
Вохӯрии дастаҳо пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби 3:0 ба нафъи дастаи футболи «Хуҷанд»-и Хуҷанд хотима ёфт. Кӯшишу талошҳои футболбозони «Хуҷанд» самар оварданду дар дақиқаи 34-ум бо кумаки Дилшод Бозоров ҳисоб боз шуд. Аз сабабе, ки бозӣ дар Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ба нафъи дастаи футболи «Нефтчӣ» хотима ёфта буд, ба вақти иловагӣ расид. Дар дақиқаҳои 107-ум ва 119-уми майдондорӣ боз Дилшод Бозоров ду голи дигар ба ҳадаф расонида, дастаашро ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 ворид кард.
Ҷоми АFC-2020
Минтақаи Марказӣ
Плей-офф. Бозии ҷавобӣ
«Хуҷанд» (Тоҷикистон) – «Нефтчӣ» (Қирғизистон) – 3:0
Голҳо: Дилшод Бозоров, 33, 107, 117
«Хуҷанд» (Хуҷанд, Тоҷикистон): Маъмур Икромов, Сироҷ Ҳамроев, Фирдавс Чақалов (Манучеҳр Аҳмадов, 114), Алишер Баротов (Манучеҳр Сафаров, 83), Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Чориев (Комрони Мирзонаҷот, 77), Абдулмуъмин Забиров, Санҷар Рихсибоев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Андрей Сидоров (Амирҷон Сафаров, 120), Дилшод Бозоров (к).
«Нефтчӣ» (Қочқор-Ота, Қирғизистон): Михаил Паюш, Азамат Абдуллоев, Арген Жуматаев (Хидиралиев, 99), Азамат Омуралиев, Элдар Молдожунусов, Усон уулу Эсенбек (Умаров, 57), Кайрат Изаков (Иминов, 115), Алмазбек Маликов (к), Манас Карипов, Александр Игнатенко, Амир Шарифӣ.
Огоҳӣ гирифтанд: Абдулмуъмин Забиров, Фатҳулло Фатҳуллоев («Хуҷанд»), Азамат Омуралиев, Кайрат Изаков, Александр Игнатенко («Нефтчӣ»).
Беҳтарин бозигари дидор: Дилшод Бозоров («Хуҷанд»).
Сардовар: Аҳмад Файсал Муҳаммад Ал-Алӣ (Урдун).
Нозири доварон: Окада Масайоши (Ҷопон).
Комиссари бозӣ: Аҳмад Тиллоев (Узбекистон).
26 феврал. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 5200 тамошобин.
Бозии аввал — 0:1.
Гурӯҳи «D»
Даври 1-ум
11-уми март (чоршанбе) соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе..
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон).








Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд






