Иштироки Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар маросими баимзорасонии созишномаи истиқрори сулҳ дар Афғонистон
ДУШАНБЕ, 01.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. 29 феврал дар Давҳа Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар маросими баимзорасонии созишномаи истиқрори сулҳ дар Афғонистон байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва ҷунбиши Толибон иштирок намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар маросими баимзорасонии Созишномаи сулҳ инчунин вазирони корҳои хориҷии Амрико, Қатар, Норвегия, Индонезия, Туркия, Покистон, Уммон, Ӯзбекистон, Туркманистон, намояндагони махсуси Россия, Қазоқистон ва Япония оид ба Афғонистон ҳузур доштанд.
Имзои созишномаи мазкур бо миёнаравии Қатар сурат гирифта, қадаме дар раванди поён бахшидани ҷанг дар Афғонистон ва заминае барои шурӯи муколамаи байниафғонӣ арзёбӣ мегардад.
Дар ҳошияи чорабинии мазкур суҳбат ва мулоқоти кӯтоҳи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии ИМА М.Помпео, Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон А.Комилов ва Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Р.Мередов сурат гирифтанд.
Акс аз ВКХ ҶТ








Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад
Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Бонки миллии Австрия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти кантони Тичинои Швейтсария мулоқот намуд
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Донишгоҳи Рединг ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим муаррифӣ карда шуд






