Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо дипломати Россия мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 12.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. 11 март бо даъвати Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар шаҳри Екатеринбург Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Сайидзода бо роҳбари он Александр Харлов мулоқот намуд.
Зимни он ҷониби россиягӣ Зафар Сайидзодаро ба муносибати ба вазифаи Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуданаш табрик намуд.
Зикр гардид, ки муносибатҳои шарикии стратегии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия масоили мубрами гуногунро фаро гирифта, ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷалби сармоя, сайёҳӣ, илм ва фарҳанг миёни минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия низ бояд боз ҳам тавсеа ёбанд ва мустаҳкам гарданд.
Дар ин радиф Намояндаи ВКХ ФР сатҳи ҳамкории Намояндагӣ ва Консулгарии генералиро ба таври мусбат арзёбӣ намуда, омодагии худро баҳри пешбурду густариши минбъдаи он, аз ҷумла дар мавриди ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи консулӣ баён намуд.
Ҷонибҳо нисбат ба мавзӯоти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар кардани шароити кору зиндагии онон дар кишвари иқомат, баргузор намудани чорабиниҳои муштарак дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҳавзаи консулӣ, дидорбинӣ аз донишгоҳҳо ва ташкили вохӯриҳо бо донишҷӯёни тоҷик таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






