Лоиҳаи Қонун «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» дар Душанбе баррасӣ гардид

Март 21, 2020 10:45

ДУШАНБЕ, 21.03.20. /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» дар таҳрири нав заминаи қонуни намунавии ЮНИСТРАЛ дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ аст, ки 7 июли соли 2006 бо Қатъномаи Ассамблеяи генералии СММ қабул гардидааст. Қонуни мазкур муносибатҳоро вобаста ба ташкил ва фаъолияти арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ, инчунин тартиб, шартҳои эътироф ва иҷрои ҳалномаҳои арбитражи байналмилалии тиҷоратиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад. Ин нуктаро 20 март зимни баргузории як ҳамоиши мақсаднок директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Саидзода дар шаҳри Душанбе баён намуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҳамоиши мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимияти судӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои илмӣ, инчунин намояндагони ВАО ширкат намуданд.

Зикр гардид, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки мақсади ҳамоиш бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои  мутахассисон ҷиҳати такмил додани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» мебошад.

Дар ҷараёни ҳамоиш аз ҷониби намояндагони мақомоти давлатӣ ва иштирокдорон доир ба такмили лоиҳаи ин қонун таклифҳои судманд пешниҳод гардида, ҳамзамон табодули афкор сурат гирифт.

Март 21, 2020 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад