Маҳсулот аз дасти аввал. Дар Хуҷанд маркази фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардид

Март 11, 2020 10:40

ДУШАНБЕ, 11.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳудуди бозори «Суғдиён», воқеъ дар микроноҳияи 3-юми  шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд маркази  фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввали кишоварзӣ роҳандозӣ гардид. Маркази мазкур бо ибтикори роҳбарияти вилоят ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастархони сокинону меҳмонон бо маҳсулоти кишоварзӣ аз дасти аввал, яъне худи деҳқонон ташкил шудааст.

Бино ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», ташкили фурӯшгоҳи нав имкон фароҳам овард, ки харидорон маҳсулоти тару тоза ва бо нархҳои дастрасро бидуни миёнарав аз дасти якум харидорӣ намоянд. Зеро ба ин бозор аз ҷониби деҳқонони шаҳру навоҳии атрофи маркази вилоят, чун Истаравшан, Деваштич, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Мастчоҳ маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили картошка, сабзӣ, пиёз, шалғам, карам ва ғайра бо нархҳои нисбат ба бозор 30-40 дарсад арзонтар  пешниҳод шудаанд.

Роҳбари бозори «Суғдиён» Абдураҳим Абдуллоев баён дошт, ки “бозор бо усули замонавӣ бунёд ва дар он имконияти васеи фаъолият, махсусан барои яклухтфурӯшони маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ гардида, қариб 2000 нуқтаи савдо дар масоҳати 9 гектар ва таваққуфгоҳи нақлиётӣ барои 1500 мошин мавҷуд мебошанд”.

Барои фурӯшандагон шароити хуби фаъолият ва инчунин як зумра имтиёзҳо, аз ҷумла меҳмонхона, истгоҳ, иҷораи ройгон пешниҳод гардида, маъмурият ният дорад, ки рӯзҳои наздик фурӯши маҳсулоти дигари мавриди ниёзи аввал, чун орд, равған ва биринҷро дар ин бозор  роҳандозӣ намояд.

Март 11, 2020 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад