Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Алмаато бо маводи хӯрокӣ ва тиббӣ-антисептикӣ таъмин гардиданд

Март 30, 2020 10:00

ДУШАНБЕ, 30.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо эълон гардидани вазъияти фавқулода дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҷорӣ гардидани карантин дар шаҳри Алмаато бар асари паҳншавии коронавируси навъи COVID-19 муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз фаъолияти меҳнатӣ бозмондаанд. Баҳри таъмин намудани шароити моддӣ ва дастгирии маънавии  онҳо  аз ҷониби  хайрхоҳон  иқдоми наҷибе  роҳандозӣ гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба саҳифаи фейсбукии Ҷамъияти тоҷикон дар Ҷумҳурии Қазоқистон хабар медиҳад, бо ташаббуси соҳибкорони тоҷик дар ҳамбастагӣ бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шаҳри Алмаато ҷиҳати дастгирӣ ва кумак ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки бар асари ҳамагирии коронавируси навъи COVID-19 дар ин шаҳр аз фаъолияти меҳнатӣ бозмондаанд, ёриҳои хайриявӣ, аз қабили маводи хӯрокӣ ва  тиббӣ-антисептикӣ расонида шуд.

Акс аз саҳифаи ФБ Ҷамъияти Тоҷикистон дар Қазоқистон

Март 30, 2020 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд