Муовини Сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Поскал Лоро мулоқот намуд

Март 5, 2020 18:51

ДУШАНБЕ, 05.03.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Дар Душанбе мулоқоти муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Намояндаи хоси Вазири Аврупо ва мушовири махсуси Президенти Ҷумҳурии  Франсия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ Поскал Лоро ва сафири ин кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар баргузор гардид.

 Зимни мулоқот муовини Сарвазири мамлакат таваҷҷуҳи мушовири махсуси Президенти Ҷумҳурии Франсияро вобаста ба ҷалби сармояи он кишвар ба якчанд самтҳои иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла рушди соҳаи сайёҳӣ ҷалб намуд. Тавре зикр гардид, бо назардошти он ки 93 % ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро куҳҳо ташкил  медиҳанд, ҷалби ширкати фаронсавии “Claster mountain”, ки таҷрибаи калони ташкили инфрасохторро дар шароити кӯҳистон дорад,   муофиқи мақсади умумии  ҷонибҳо мебошад.  Ҷониби Франсия бо камоли майл  ҳавасмандии худро  ҷиҳати рушди ҳамкориҳои минбаъдаи субъектҳои дар ин самт фаъолияткунанда баён  дошт.

Азим Иброҳим изҳор намуд, ки айни замон даҳҳо ширкати фаронсавӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва сатҳи имрӯзаи ҷалби сармояи Франсия ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба талабот ва имкониятҳои  ҷонибҳо  ҷавобгӯй намебошад ва мо вазифадор мебошем, ки дар ин самт имкониятҳоро бештар истифода намоем.

Поскал Лоро аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, зикр намуд, ки устувории қонунҳои амалкунанда ва кодекси андози таъминкунандаи суботи фазои сармоягузорӣ метавонад заминаи хуб ва кафолат барои ҷалби бештари сармоягузорон гардад.

Зимни табодули афкор  пешниҳоди  муовини Сарвазир оид ба баррасии имкониятҳои ҳамкорӣ дар самтҳои саноати сабук (нассоҷӣ ва пояфзолдузӣ аз ашёи хоми ватанӣ), саноати хӯрокворӣ ва нафту газ аз ҷониби мушовири Президенти Ҷумҳурии Франсия пазируфта шуд ва   тазаккур дода шуд,  ки ин имкониятҳо барои самаранок ҷалб намудани сармоягузорони фаронсавӣ заминаи воқеӣ мегузорад.

Ҳамзамон ҷониби Франсия бо мақсади ҷалби бештари сармоягузорон ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаҳои афзалиятноки таҳиягардида изҳори хоҳиши ҳамкории зичтар бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон   намуд.

Март 5, 2020 18:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд