Нафари гумонбар дар марги ҷавони 27-сола боздошт гардид

Март 30, 2020 10:03

ДУШАНБЕ, 30.03.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ  дар шаҳри Душанбе  24 марти соли равон  вобаста ба  дарёфти ҷасади шахсияташ номаълум  иттилоъ   дода буд.  Дар натиҷаи чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт муайян карда шуд, ки ин нафар шаҳрванд Шомиров Диловаршо Нуриддинович, соли таваллудаш 17 апрели соли 1993, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Назаршоев мебошад.  Дар ин бора аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

«Тибқи маълумотномаи ташхиси тиббӣ-судӣ сабабҳои марги шаҳрванд Диловаршо Шомиров инсулти геморогӣ ва атеросклерози шараёнҳои дил  мебошад»,- зикр кард манбаъ.

Тибқи иттилои манбаъ, баъд аз гузаронидани якчанд корҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Халилов Абдулмумин Асадуллоевич, соли таваллудаш 30 апрели соли 1989, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ муайян ва дастгир карда шуд. Гумонбар,  ки бо  марҳум Диловаршо Шомиров дар нуқтаи шустушӯи мошинҳо кор мекардааст,   22 марти соли равон тахминан соатҳои 22:30, дар асоси ғаразҳои пешакӣ ва бо мақсади қасосгирӣ  дар назди бинои 2-и кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур бо ӯ муноқиша намудааст. Абдулмумин Халилов бо мушт як зарба ба қисмати рости мавзеи гӯши  Диловаршо Шомиров задааст, ки дар натиҷа ӯ ба замин афтода, баъд аз чанд лаҳза фавтидааст.

Айни ҳол нисбат ба гумонбаршаванда Халилов Абдулмумин Асадуллоевич парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, чораи пешгирӣ дар намуди ҳабси пешакӣ татбиқ шуда, корҳои тафтишотӣ  идома доранд.

Оид ба сабаби ба ҳалокат расидани шаҳрванд Шомиров Диловаршо Нуриддинович якчанд ташхисҳои иловагӣ таъйин карда шудаанд. Баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ иловатан маълумот дода мешавад. 

Март 30, 2020 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад