Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз раванди корҳои бостоншиносӣ дар мавзеъҳои таърихии мамлакат изҳори нигаронӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 18.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти анъанавии худ бо олимону зиёиён, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, аз раванди корҳои бостоншиносӣ дар мавзеъҳои таърихии мамлакат изҳори нигаронӣ намуданд.
Ҳоло, — гуфтанд Сарвари давлат, дар чандин мавзеъҳои таърихии мамлакат корҳои бостоншиносӣ идома доранд.
«Аммо бояд иқрор шуд, ки кор дар ин самт дар сатҳи қаноатбахш ба роҳ монда нашудааст»,- афзуданд Пешвои миллат.
Дар идомаи суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки «мо Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносиро бо таҷҳизот, техника ва воситаҳои нақлиёт таъмин карда, донишҷӯёни ихтисосҳои бостоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро барои ҳамкорӣ бо онҳо сафарбар кардем, вале натиҷаҳои фаъолияти бостоншиносон қонеъкунанда нест».
Сарвари давлат аз он ёдовар шуданд, ки тибқи мушоҳида корҳои бостоншиносӣ дар ёдгориҳои таърихии Тахти сангин, Ҳулбук, қалъаҳои Кӯлоб, Ямчун, Шайдони Сари Хосор, ёдгориҳои Кангуртут, Золи Зард, Носири Хусрав ва Саразм ба талабот ҷавобгӯ набуда, маводи муаррифӣ доир ба ёдгориҳои таърихии зикршуда таҳия нашудаанд ва дар масири хатсайри онҳо то ҳол корҳои таъмиру навсозӣ амалӣ нагардидаанд.
Аз ин рӯ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Академияи илмҳо, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки бо ихтисоси таърих ва бостоншинос мутахассис омода мекунанд, супориш доданд, ки корҳои илмиву бостоншиносиро дар мавзеъҳои таърихӣ васеъ ба роҳ монанд ва якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати таҷдиду барқарорсозии онҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.








Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад






