Шаҳрвандони Тоҷикистон бо иқдоми Пешвои миллат аз Москва ва Дубай ба Ватан оварда мешаванд

Март 20, 2020 20:20

ДУШАНБЕ, 20.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар ин рӯзҳое, ки тамоми дунё дар рӯ ба рӯи таҳдиди сирояти бемории кароновирус қарор гирифтааст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит намуданд, ки бо иқдому ташаббусҳои башардӯстонаи хеш нисбат ба тақдири ягон тоҷику тоҷикистонӣ бетафовут нестанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, бо супориши бевоситаи Пешвои миллат имрӯз ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» барои овардани шаҳрвандони Тоҷикистон ду парвоз ба шаҳри Москва анҷом медиҳанд. Аз ҷумла, ҳавопаймои «Сомон Эйр» соати 14.00 ба фурудгоҳи Домодедово парвоз кард ва аз он ҷо 161 нафар шаҳрвандони ҷумҳуриро ба Душанбе интиқол медиҳад. Соати 22.30 дақиқа, ҳавопаймои ширкати «Тоҷик Эйр» ба фурудгоҳи Жуковскийи шаҳри Москва парвоз анҷом дода, бо 195 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Душанбе бармегардад.

Ҳамзамон, бо дархости ҷониби Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии «Fly Dubay» соати 4:30 дақиқаи субҳи 21-уми март 150 нафар шаҳрванди тоҷикро аз шаҳри Дубайи АМА ба фурудгоҳи шаҳри Душанбе мерасонад.

Март 20, 2020 20:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон