Шамшод Абдуллоев дар мусобиқаи гӯштин дар ноҳияи Рашт Шоҳҷоиза-мошини «Mercedes-Benz»-ро соҳиб гардид
ДУШАНБЕ, 30.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони ноҳияи Рашт ба ифтихори ҷашни Наврӯзи хуҷастапай дар ноҳия мусобиқаи гӯштини миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Хурду бузург дар варзишгоҳи ноҳия ҷамъ омада, аз тамошои сабқатҳои ҷолиби гӯштингирӣ лаззат бурданд. Дар интиҳои мусобиқа паҳлавон Шамшод Абдуллоев дастболо шуда, соҳиби Шоҳҷоиза-мошини «Мерседес Бенз» гардид.
Дар ин бора шореҳи варзиш Муродалӣ Тешаев ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.
Мусобиқаи гӯштини миллӣ 29 март дар Варзишгоҳи марказии ноҳия доир шуд. Паҳлавонони шуҳратёр аз саросари мамлакат барои Шоҳҷоиза мубориза бурданд. Дар қатори ҷавонону калонсолон дар чорабинии гӯштини Раштонзамин ҳамчунин наврасон низ ҷалб шуда буданд. Дар марҳилаи муқаддамотии вазни мутлақ варзишгарони маъруф, аз қабили Шамшод Абдуллоев, Суҳроб Маҳмадиев, Комроншоҳи Устопириён ва Ҳамроз Раҷабов барои Шоҳҷоиза мубориза бурданд.
Комроншоҳи Устопирён дар рақобати якум бо Суҳроб Маҳмадиев сабқатро мусовӣ ба анҷом расонид. Ҳамчунин дар сабқати дуюм бо гӯштингири ноҳияи Рӯдакӣ ғалаба ба даст оварда натавонист. Барои Шоҳҷоиза- мошини сабукрави «Опел» паҳлавонони шинохтаи тоҷик Қандил Саидов аз ноҳияи Рашт бо Муҳаммадшариф Наҷмуддинов аз ноҳияи Файзобод байни ҳам сабқат карданд. Баъд аз қуввазмоиҳои шадид дар ин рақобат низ ғолиб муайян нашуд.
Ҳамчунин барои Шоҳҷоизаи дигар-мошини «Мерседес Бенз» гӯштингири мизбон — Шамшод Абдуллоев бо Суҳроб Маҳмадиев аз шаҳри Ваҳдат миёни ҳам қувва санҷиданд.
Дар натиҷа Шамшод Абдуллоев дастболо шуда, соҳиби Шоҳҷоиза-мошини «Мерседес Бенз» гардид.








Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд






