Соли равон СБМ 27-солагии фаъолияташро дар Тоҷикистон таҷлил менамояд

Март 12, 2020 08:50

ДУШАНБЕ, 12.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Cозмони байналмилалии муҳоҷират имсол фаъолияти 27-солаи хешро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил менамояд.  Ин нукта 11 март зимни мулоқоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода бо роҳбари дафтари намояндагии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кристина Транка  баён гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Зимни вохӯрӣ Кристина Транка  роҷеъ ба фаъолияти пурсамари Созмон дар самтҳои гуногуни ҳаётан муҳими мамлакат, ки  аз соли 1993 то инҷониб  амалӣ мегардад, маълумоти муфассал дод.

Тӯли ин солҳо СБМ фаъолияти худро дар саросари ҷумҳурӣ ва дар  соҳаҳои зиёд тавсеа бахшид. Ба ҳайси созмони пешсафи байналмилалӣ дар масоили муҳоҷират, ҷилавгирӣ аз истисмор ва поймол шудани ҳуқуқи муҳоҷирон, дастгирии аъзои оилаи муҳоҷирон, масоили марбут ба сиҳатии омма, инчунин дар иртибот ба бемориҳои гузаранда, ба монанди сил, ВНМО,  саломатии муҳоҷирону аҳли хонадони онҳо ва савдои одамон мусоидат намудааст.

Гулрӯ Ҷабборзода роҷеъ ба  ҳамкории дуҷониба  дар татбиқи  лоиҳаҳои амалишаванда дар самти муҳоҷират маълумот дода, баҳри густариши ҳамкории мутақобилан судманд дар доираи лоиҳаҳои мавҷуда изҳори миннатдорӣ намуд. Мавсуф ҷиҳати мусоидат намудан  дар таҳияи лоиҳаҳои барномаву стратегияҳои ҷадиди соҳа ибрози ақида намуд.

Дар мулоқот муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Вазорат ва СБМ дар заминаи лоиҳаҳои амалкунанда ва дигар самтҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.

Роҳбари дафтари  СБМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минатдории хешро ҷиҳати дар сатҳи баланди касбӣ мусоидат намудан дар  татбиқи босамари Барномаи ҳамгироӣ, устуворӣ ва беҳсозии Тоҷикистон ва Афғонистон солҳои 2016-2020,  ба унвонии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иброз намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо аҳамияти идомаи минбаъдаи ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии иқдомҳо миёни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СБМ-ро дар  амалисозии нақшаву лоиҳаҳои минбаъда  таъкид намуданд.

Март 12, 2020 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад