Суманак рамзи баҳор аст. Назари мардумшиносон доир ба хосиятҳои ин хӯриши наврӯзӣ

Март 13, 2020 15:18

ДУШАНБЕ, 13.03.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Инак дар Тоҷикистони азизи мо як ҳафта пас ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил мегардад. Модарони тоҷик аллакай дар хонадони хеш ба омода намудани сабзаи суманак оғоз намудаанд. Зеро яке аз рамзҳои наврӯзӣ- ин омода намудани суманак мебошад ва дар урфият мегӯянд, ки агар соли навро бо ханда ва хурсандию шодмонӣ пешвоз гирӣ, ҳамон сол пурра бо хуррамию нишот зиндагӣ хоҳӣ кард.

Суманак як навъ хӯриши наврӯзист, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад. Худи сабза рамзи эҳёи табиат ва зебогию осоиштагии ҳаёт ба шумор меравад. Ду ҳафта қабл аз ҷашни Наврӯз мардум дар хонаҳои дар табақҳо гандумҳоро шуста, месабзонанд ва рӯзи ид ба идгоҳ меоранд. Он ҷо ҳамроҳ бо занҳои дигар дар деги калоне суманак мепазанд.

Суманак  намоду нишони ҳаёт ва маданияти рӯзгордории тоҷикон аст. Ҳамаи хӯрокиҳое, ки барои Наврӯз таҳия мешаванд, маъмулан аз гандум  ё ҷав омода мегарданд. Суманак беҳтарин намунаи онҳо мебошад.

Имрӯз дар саросари ҷаҳони дорои фарҳанги ориёӣ, ки халқҳои эронитабор зиндагӣ мекунанд, суманак тайёр карда мешавад ва онро  ба навъи  хӯрокҳои  муқаддасу манфиатбахш дохил намудаанд.

Тавре дар суҳбат бо мо корманди калони шуъбаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мумина Шовалиева иброз дошт, дар даврони Сосониён 25 рӯз пеш аз Наврӯз дар майдони Кох 12 сутун аз хишти хом барпо мекарданд ва дар фарози он сутунҳо бо тараннум 12 навъ донагӣ, чун, гандум, ҷав, лӯбиё, нахӯд, кунҷид, мош ва ғайра мекоштанд.

«То рӯзи меҳр, ки чаҳордаҳуми фарвардинмоҳ буд, он донагиро ҷамъ намекарданд ва чунин мешумориданд, ки кадом донае болотару хубтар рӯяд, маҳсулоти ҳамон донагӣ дар ҳамон сол фаровон хоҳад шуд. Мондани сабзаи суманак ва пухтани суманак ба фикри ман аз ҳамон расму русум сарчашма гирифтааст»,- иброз дошт ҳамсуҳбати мо.

Суманак як навъ ғизои  маъруфи  гиёҳии  наврӯзист, ки  аз оби ҷавонаи гандуми сабзонидашуда ва сабзаи он таҳия  карда мешавад. Суманакро  ғизои  «мардофарин» низ медонанд, зеро он нишону намоди  тамаддуни  зироаткорӣ, рамзи зиндагии муқиминишинӣ, ба даст  овардани  маҳсулоти хӯшаӣ ва аломати қудрату нерумандист. Ҳамон тавре ки  шир  ашрафи  лабаниёт (моеъот), биринҷ — ашрафи донаҳо шинохта шуда, ширбиринҷ хӯроки малакутӣ ба шумор меравад, гандум ашрафи зироати  хӯшадор (ғалладона)  маҳсуб мешавад. Хӯрдани суманак ба шахс нерую тавоноӣ мебахшад ва аз лиҳози  тиббӣ низ аз чанд ҷиҳат муфиду  судманд мебошад.

Мумина Шовалиева тарзи омода намудани суманакро чунин баён намуд: гандумро се рӯз дар оби ҷӯй ё оби борон тар карда, мемонданд. Баъде ки гандум неш мебаровард, онро гирифта, дар табақи ҳамвор мегузоштанд ва рӯяшро бо докаи тоза мепӯшонданд. Рӯзе, ки борон меборид, ба берун мебароварданд ва пас аз борон оби зиёдатиашро полонида, боз бурда ба хона мегузоштанд. Рӯзи муайяни суманакпазӣ 3-4 нафар занҳои ҳамсоя бо машварат дар хонаи яке аз ҳамсоягон ҷамъ мешуданд. Маъмулан онҳо бегоҳӣ ҷамъ мешуданд ва суфраеро боз карда, сабзаҳоро гузошта, мебуриданд. Онҳоро дар ғурра андохта, майда намуда, бо об се бор аз дока мегузаронидаанд. Сипас ба дег равған андохта, оби аз сабзаи гандум омодагаштаро илова мекунанд. Баъд занҳо ба таги дег оташ меафрӯхтанд, бонавбат дегро бо кафча ё кафгир мекофтанд. Дар дег ҳафт адад сангча меандохтанд, ки рамзи бобаракат шуданро ифода мекард. Ҳамчунин ба он ҳафт чормағз низ ҳамроҳ мекарданд, то ба суманак ранги қаҳвагӣ ва равғанӣ бахшад. Онҳо  дар назди оташ нишаста, барои хобашон набурдан афсонагӯӣ, чистонёбӣ ва сурудхонӣ мекарданд.

Ҳангоми кофтани дег таронаи «Суманак дар дег, мо кафча занем»-ро месароянд. Нақароти суруди маъруфи суманакпазӣ, ки ҳангоми пухтани ин ғизои рамзии Наврӯз бо доиранавозӣ ба тариқи умумӣ хонда мешавад, чунин аст:

Суманак дар ҷӯш, мо кафча занем,

Дигарон дар хоб, мо дафча занем.

Субҳ, вақте ки суманак тайёр мешуд, мардумро даъват мекарданд, рақсу бозӣ мекарданд, духтарон ҳойпарӣ ва бачаҳо  гӯштингирӣ менамуданд.

Пас аз сабза чаҳорумин «ҳафтсин»  суманак мебошад, ки номи он дар маҳалҳои гуногун ба таври мухталиф – суманак, суман, симан, суману, сумбулак ва ғайра омадааст.

Ҳар кадбону вазифаи худ медонист, ки бо наздик шудани ҷашни Наврӯз бо нияти  пухтану сари суфраи наврӯзӣ  гузоштани суманак  гандум сабзонад. Ин  суннати дерини ниёгонамон, ки  рамзи файзу баракати баҳор  ва серҳосилӣ ба кори деҳқонон низ ба шумор меравад, то ба рӯзгори мо  омада расидааст. Худи маросими пухтани суманак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба як  ҷамъомади  идона табдил ёфтааст.

Корманди калони шуъбаи мардумшиносии Институти таърих,  бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ Мумина Шовалиева иброз дошт, ки дар Тоҷикистон чор навъ суманак омода мекунанд:

Аввал суманаке, ки  дастаҷамъона омода мешавад, махсусан дар рӯзи Наврӯз.

Суманаки дегчагӣ, ки онро бештар меҷӯшонанд ва ба монанди ҳалво омода мекунанд. Пасон онро дар лаълӣ гирифта,  баъде, ки мисли ҳалво сахт шуд,  реза мекунанд. Он бештар дар ноҳияи Шаҳритус ва баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон омода мешавад.

Суманаки нонӣ, ки  ба оби омодагаштаи сабза орд ҳамроҳ намуда, кулча омода мекунанд. Онро асосан дар танӯр, ба болои лаълиҳои оҳанин гузошта, дар болои лахчаи оташ мепазанд.

Суманаки хурмагӣ, ки бештар дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Нуробод ва ноҳияҳои кӯҳистон омода мегардад. Шираи суманакро дар хурма андохта, онро  дар таги хокистари оташ тӯли як шабонарӯз нигоҳ медоранд. (Хурма гуфта, як навъ зарфи сафолиро меноманд).

Анъанаи пухтани суманак, гандумкӯча ё кӯча, гандумбоҷ дар Помир, бичакҳои алафин ё самбӯса бо пудина ва ҷағ-ҷағ, ғӯлингоб аз қадим ба мо мерос мондааст,- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Мардумшиносон бар он назаранд, ки тоҷикони Бухоро ғайр аз шираи гандум ба суманак қиёми қанд (ё ширинӣ) низ ҳамроҳ мекунанд. Дар ин ҳолат суманак ширин мешавад ва онро муддати дароз нигоҳ доштан имконпазир мегардад. Тарзи дигари тайёр кардани суманак низ мавҷуд аст: ба хамир ба ҷои об шираи гандум ҳамроҳ карда, дар таги хокистари оташдон ё дар тобасанг мепазанд.

Имрӯз муайян карда шудааст, ки  дар таркиби суманак витаминҳои Е (ба унвони антиоксидони қавӣ  ва беасаркунандаи радикалҳои озод дар бадан) ва навъҳои  гуногуни витамини В мавҷуданд, ки  масрафи он  зимни бо каллория таъмин намудан барои ҳифзи  ҷавонӣ ва саломатӣ низ тавсия  мешавад. Он  ҳамчунин барои таскини асабҳо, тақвияти неруи биноӣ ва пешгирӣ аз  хасташавӣ мусоидат мекунад.

Ҳамчунин олимон дар таркиби майсаи гандум 18 аминокислота, витаминҳо (В1, В2, В3, В5, В6, РР, Е, F), микроэлементҳо ва моддаҳои минералӣ (фосфор, калий, магний, сулфур, калсий, хлор, натрий, манган, руҳ, молибден ва ғайра)-ро пайдо кардаанд, ки барои организм ниҳоят зарур мебошанд. Дар таркиби майсаи гандум ҳамчунин витамини С, клетчатка, гемотселлюлоза ва пектинҳо вуҷуд доранд, ки коҳиши онҳо дар организм сабаби ихтилоли фаъолияти аъзои гувориш (ҳозима) мегардад.

Бинобар ин, суманак барои муолиҷаи дисбактериоз, атеросклероз ва бемории санги талхадон аҳамияти калон доранд. Истеъмоли суманак барои рафъи фарбеҳӣ ва пешгирии диабети қанд низ муҳим аст. Дар сурати мунтазам истифода намудани суманак иммунитет тақвият ёфта, организм ба таъсироти бемориҳо тобовар мегардад, мубодилаи моддаҳо ба низом омада, фаъолияти дилу рагҳо, силсилаи устухон, асаб, аъзои таносул ва ғадуди сипаршакл беҳтар мешавад. Он ба бемориҳои экзема ва реши меъда шифо мебахшад, босираро қавӣ ва сабзиши мӯйро барқарор менамояд, хунро тоза карда, ба ҳосил шудани гемоглобин кумак мерасонад, авитаминоз, камхунӣ ва пирии бармаҳалро пешгирӣ мекунад.

«Деҳқонон бо омадани Наврӯз кишту корро сар мекарданд, ки  имрӯз низ ин расм боқӣ мондааст. 20 рӯз қабл аз кишту кор деҳқонон дар тағораҳои калон якчанд навъи донагиро мекоштанд ва аз сабзидани онҳо дар рӯзи Наврӯз маълум мегардид, ки хосилнокии кадом донагӣ хуб мешавад. Барои саршавии кори кишт якчанд деҳқони куҳансоли деҳаро сари замин ҷамъ оварда, ба шохҳои говҳо орд мепошиданд ё умоч – кулчаи калонеро, ки тақрибан 7 кило вазн дошт, ба шохҳои гов меандохтанд ва аз Бобои деҳқон дуо гирифта, корро сар мекарданд»,-баён дошт корманди калони шуъбаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш.

Яке аз оинҳои дигари Наврӯз он аст, ки аз давраҳои қадим то имрӯз мардуми тоҷик пеш аз ин ид анъанаи «хонаҳалолкунӣ» ё «хонабарорӣ» мегузаронид. Чанд рӯз пеш аз Наврӯз сокинон  ҷиҳози хонаашонро бароварда, хонаро тоза мекунанд ва чизҳои кӯҳнаю шикастаро мепартоянд.

Ҳамзамон омода намудани дастурхони идона бо ҳафтшин ва ҳафтсин низ то рӯзгори мо омада расидааст.

 Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Март 13, 2020 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон зимни сайри осорхонавӣ бо таърихи миллати тоҷик шинос гардиданд
Ҳамоҳангсози миллии Чин оид ба корҳои Созмони ҳамкории Шанхай бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатрҳои Тоҷикистон бо технологияи муосир муҷаҳҳаз мегарданд
«ТАРОНАИ ШАРҚ». Дар Фестивали ХIII байналмилалӣ мусиқии суннатии тоҷик муаррифӣ мегардад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмию таҳқиқотии Русия густариш меёбад
Роҳбарони хадамоти бойгонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо таъриху тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуданд
Дар Душанбе ҷаласаи XXI ҳакамони Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» баргузор шуд
Вобаста ба таҳияи лоиҳаи «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон» ҷаласаи гурӯҳи корӣ баргузор шуд
Дар Британияи Кабир нахустнамоиши Осорхонаи миллӣ баргузор мешавад
Даври сеюми Фестивали «Таомҳои миллӣ» ва озмуни «Зеби дастархон» ҷамъбаст мегардад
Ҳамкории Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2023 17 донишҷӯи Консерваторияи миллӣ ғолиби озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» гардид