Гулрӯ Ҷабборзода бо намояндагони диаспора, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ суҳбати мустақими интернетӣ доир намуд

Март 21, 2020 10:29

ДУШАНБЕ, 21.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. 20 март, дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ  Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода бо як зумра роҳбарону фаъолони ҷамъиятҳо ва ташкилотҳои  ҷамъиятии  тоҷикон  дар Федератсияи Россия ва  Ҷумҳурии Қазоқистон, аз ҷумла, роҳбарони  Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷамъияти фарҳангии тоҷик»-и вилояти Твери Федератсияи Россия Эмом Хушаков, Ташкилоти ҷамъиятии  «Дидор»-и шаҳри  Екатеринбурги Федератсияи Россия Мастибегим Ошурбекова, ташкилоти ҷамъиятии «Ваҳдат»-и шаҳри Сургути Федератсияи Россия Файзулло Аминов, ташкилоти ҷамъиятии «Тоҷикони Шарқи Дур»-и вилояти Хабаровски  Федератсияи Россия Моҳтоб Ғафурова, рўзноманигори ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Садбарг Боқиева,   ноиби роҳбари  Анҷумани фарҳангӣ — иҷтимоии иттиҳодияи тоҷикони Қазоқистон «Сомониён»-и Ҷумҳурии Қазоқистон Иноятуллохон Валиев суҳбати мустақим баргузор намуд.

Вазир аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  вазорат роҳбарону намояндагони диаспораҳо, ҷамъиятҳои  тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар хориҷи мамлакатро бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ  муборакбод намуд.

Зимни  суҳбати  мазкур ҳамкории вазорат бо диаспораҳо, ҷамъиятҳои  тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар хориҷи мамлакат, нақши онҳо дар ташаккул ва инкишофи арзишҳои миллӣ, фарҳанг, таърих ва забони мардуми тоҷик дар хориҷи ҷумҳурӣ, ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди мамлакат, баланд бардоштани иқтидори диаспораҳо, ҷамъиятҳои  тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар хориҷи давлат ҷиҳати бокортаъминкунӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ матраҳ гардид.

Ҳамзамон масоили ҷалб ва сафарбар намудани диаспораи тоҷикон, муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамватанон ва тоҷикони бурунмарзӣ барои таъмини рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи фароҳам овардани заминаҳои мусоид, бунёди эътимод ва таҳияи барномаҳои иҷтимоӣ, нақши диаспораҳо дар самти дарёфти ҷойҳои нави кори бехатар, пешниҳодҳо дар самти самаранокии фаъолияти вазорат ва сохторҳои дахлдори он, баланд бардоштани  ҳисси ватандориву меҳанпарастӣ дар байни муҳоҷирон ва ҳамватанони бурунмарзӣ, пешгирӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирон барои шомил нагардидан ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, бурдани корҳои иттилоотӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ дар  хориҷи мамлакат доир ба пешгирии мубталошавӣ ба бемории каронавирус ва дигар масъалаҳои мубрам мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Инчунин аз ҷониби роҳбарону фаъолони диаспора ва ташкилотҳои  ҷамъиятии  тоҷикон  аз Федератсияи Россия ва  Ҷумҳурии Қазоқистон  фикру мулоҳизаҳо  оид ба мушкилоти ҷойдошта дар ҳаёту фаъолияти кории муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баён шуда, онҳо таклифу  пешниҳодҳои худро баҳри рафъи мушкилот манзур намуданд. Аз  ҷумла:

— тақвияти ҳамкорӣ ва мустаҳкам намудани ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат,  муҳоҷират ва шуғлии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират   бо намояндагони диаспораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар  Федератсияи Россия;

— таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти диаспораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар назди вазорат;

— ташрифи роҳбарияти вазорат ба минтақаҳои дурдасти ФР, ҷиҳати аз наздик шинос шудан бо фаъолияти диаспораҳо, муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта;

— дигар масъалаҳои вобаста ба ҳифзи ҳуқуқӣ муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони ҶТ дар ин давлатҳо.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Г. Ҷабборзода ба масъулини марбутаи вазорат ҷиҳати андешидани тадбирҳои саривақтӣ барои дар амал татбиқ намудани таклифу пешниҳодҳои  зимни суҳбат баёнгардида  дастуру супоришҳои мушаххас  дод.

Март 21, 2020 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад