«Тоҷикистон»-таҳти чунин унвон китоби мусаввараҳои мамлакат бо се забон нашр гардид
ДУШАНБЕ, 14.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ китоби мусаввараҳо зери унвони «Тоҷикистон» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр гардид.
Китоби мазкур бо ташаббуси Муассисаи нашриявии «Ирфон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 40 ҷузъи чопӣ, ки аз 320 саҳифа иборат аст, бо теъдоди 1000 нусха рӯи чоп омад.
Ба гуфтаи масъулин, ҳадаф аз нашри китоб таракқӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармояи хориҷӣ баҳри рушди соҳа дар мамлакат мебошад.
Китоб муаррифи манзараҳои нотакрор ва муъҷизаосои Тоҷикистон буда, ёдгориҳои меъмории ниёгон, кӯҳу дараҳои зебоманзар, маҳсули ҳунари косибону ҳунармандони халқӣ, дастовардҳои фарҳангӣ, илмӣ ва варзишии ҷумҳуриро дар бар мегирад. Албом аз тасвирҳои муъҷаз ва матнҳои ҷолиби тасвирӣ иборат буда, барои меҳмонони мамлакат, дӯстдорони сайру саёҳат, мухлисони анъанаҳои қадимии мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол армуғони арзанда ба ҳисоб меравад.
Дар китоб расму тасвирҳои аксбардорони шинохтаи ҷумҳурӣ ҷой дода шудаанд, ки доираи васеи хонандагонро бо манзараҳои нотакрори мамлакат шинос месозанд.








Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






