«ҶУМҲУРИЯТ» – ОИНАИ МЕҲРУ ВАФО. Ин рӯзномаи шоистаи эҳтиром ва нуфузи баланд 95-сола шуд

Март 17, 2020 13:04

ДУШАНБЕ, 17.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзномаи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» 95-сола шуд. Ба ин муносибат шумораи рангаи (идонаи) он ба нашр расид.

Рӯзномае, ки бо номи  «Иди тоҷик» арзи вуҷуд кард ва ин номи рамзӣ гувоҳи он буд, ки таъсиси чунин ҷарида барои миллати куҳанбунёди мо, ки бунёдаш бо сухани баланд, фазлу адабу  дониш сиришта шудааст, воқеан ид аст. Баъдан ин рӯзнома рамзи бедории миллат гардида, «Бедории тоҷик» ном гирифт ва ин ном низ ҳадафи баланди миллӣ дошт. Ин бедорӣ маънои эҳёи маънавии дубораи халқи фарҳангсолори тоҷикро дошт. Ва он воқеан дар ин ҷода корҳои таърихии шоистаеро ба сомон расонид. Наметавон таърихи пуршарафи рӯзноманигории тоҷикро бе ин нашрияи бонуфузтарин тасаввур кард. Баъдан бо номи «Тоҷикистони советӣ» ва «Тоҷикистони шӯравӣ» он ҳамеша пешгоми ҳаракати рӯзноманигории мо, пешгоми худшиносии халқи куҳанбунёд ва фарҳангпарварамон будааст.

Имрӯз  «Ҷумҳурият» рӯзномаи бонуфузтарин ва дӯстдоштании мардуми мост. Имрӯз ҳам бо фарогирии масъалаҳои ҷиддии замони Истиқлолияти давлатӣ ва саҳмгузорӣ дар ягонагӣ ва Ваҳдати миллии халқамон, тарғиби ғояҳои баланд ва хушиноси миллӣ, тамоми бунёдкориву созандагиҳои мамлакат  саҳми боризу бузурги худро мегузорад.

«Ҷумҳурият» оинаест, ки дар он ҷилои хирад ва адаб, намои фазилати зотии мардуми мо бо суннату маросими волояш ҳамеша ҷилвагар аст. «Ҷумҳурият» мактаби бузурги омӯзиш ва парвариши қаламнигорони шоистаи мамлакат будааасту мемонад. Имрӯз низ ин рӯзнома пешгоми ҳодисот, ташаббускори иқдомҳои навину шоиста мебошад ва хусусан солҳои охир тавонистааст алоқаи бевосита ва ҳамешагӣ бо хонандагонаш дар тамоми гӯшаҳои мамлакат пайдо кунад. Сафарҳои пайвастаи ҳайати эҷодии идораи «Ҷумҳурият» ба гӯшаҳои диёр, таъсиси ҷашнвораву озмунҳе, ки ҳарчи бештар таваҷҷуҳи хонандагонро бедор намудаву онҳоро ба худ ҷалб кардаанд, метавонанд намунаи ибрати дигар рӯзномаҳо  бошанд.

Идораи АМИТ «Ховар» ҳамкасбони худро, ки дар ин рӯзномаи бонуфуз фаъолият доранд, ба муносибати ин ҷашни муборак самимона табрик намуда, ба онҳо тансиҳативу сарбаландӣ таманно дорад. Ва ин шеъри Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло тақдим ба дӯстони ҳамқалами мо бод!                        

 

ОИНАИ ОЯНДАНАМО

«Ҷумҳурият» оинаи оянданамо буд,

Оинаи ихлоси дил, оинаи мо буд.

Ҳар саҳфаи он саҳфаи ихлосу садоқат,

Ҳар нусхаи он мактаби тадриси вафо буд.

Ҳар субҳ назар дӯхта бар оинаи он,

Мардум ҳама озодаву бе рӯи риё буд.

«Ҷумҳурият» оинаи озодаманишон,

Ҳар субҳ дар он ҳастии Меҳан ба намо буд.

Бо  пайку паёми нав аз «Иди (дили)тоҷик»,

Бар хонаи мо омада чун пайки раҳо буд.

«Бедории тоҷик» фурӯғи дигаре ёфт,

Бедории мо гашт, ки пайғоми бақо буд.

Ин мактаби деринаи мардони қаламкаш,

Ин матлаби адлу шарафу ҳукми расо буд.

Ин номаи рӯзе, ки ба мо рӯзи накӯ дод,

Савганди муҳаббат, сухани аҳди ниё буд.

Майдони шараф гашту вафодории меҳан,

Оварди ҷавонмардии мардони сахо буд.

Наврӯз ҳам аз номаи рӯзаш ба таҷаллист,

Бас суннату оин, ки зи ҷаҳдаш ба раво буд.

Ҷумҳурии мо меҳани сулҳ асту амонист,

«Ҷумҳурият» аз рӯзи азал роҳнамо буд!

Ёд аз ҳама мардони накӯному шарафманд,

К-ин ҷо дилу ҷону танашон шӯъланамо буд.

То буд суханвар, сухане буд дар олам,

Ин оина худ мазҳари некиву зиё буд.

«Ҷумҳурият» имрӯз муҳаббатгаҳи мо гашт,

Зеро зи азал оинаи меҳру вафо буд.

Март 17, 2020 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«Куллиёт»-и осори Мирзо Турсунзода рӯнамоӣ гардид
Ба шаҳри Панҷакент Шаҳодатномаи Шаҳри байналмилалии ҳунармандӣ дода шуд
«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ!» Дар пойтахт озмуни шаҳрӣ идома дорад
«ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ». Ин таоми миллӣ хусусияти табобатӣ низ дорад
Сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мегарданд
«ДАР ҲУНАР КӮШ, КИ ЗАР ЧИЗЕ НЕСТ…». Фаъолияти Аспармо Мавлоназарова барои рушди ҳунарҳои миллӣ намунаи ибрати ҷавонон аст
Дар Душанбе дар мавзуи Куруши Кабир ва Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ҳамоиш доир гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Мастчоҳ расид
ҲИФЗИ МЕРОСИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Тавассути сиёсати хирадмандона имрӯз ҷаҳониён бо таъриху фарҳанги миллати мо шинос мешаванд
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо «Россотрудничество» ҳамкориро густариш медиҳад
Дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология озмоишгоҳи муштараки муҳити экологӣ ба истифода дода шуд
Фестивали байналмилалии «Сӯзании Панҷакент» баргузор мешавад