«ҶУМҲУРИЯТ» – ОИНАИ МЕҲРУ ВАФО. Ин рӯзномаи шоистаи эҳтиром ва нуфузи баланд 95-сола шуд
ДУШАНБЕ, 17.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзномаи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Ҷумҳурият» 95-сола шуд. Ба ин муносибат шумораи рангаи (идонаи) он ба нашр расид.
Рӯзномае, ки бо номи «Иди тоҷик» арзи вуҷуд кард ва ин номи рамзӣ гувоҳи он буд, ки таъсиси чунин ҷарида барои миллати куҳанбунёди мо, ки бунёдаш бо сухани баланд, фазлу адабу дониш сиришта шудааст, воқеан ид аст. Баъдан ин рӯзнома рамзи бедории миллат гардида, «Бедории тоҷик» ном гирифт ва ин ном низ ҳадафи баланди миллӣ дошт. Ин бедорӣ маънои эҳёи маънавии дубораи халқи фарҳангсолори тоҷикро дошт. Ва он воқеан дар ин ҷода корҳои таърихии шоистаеро ба сомон расонид. Наметавон таърихи пуршарафи рӯзноманигории тоҷикро бе ин нашрияи бонуфузтарин тасаввур кард. Баъдан бо номи «Тоҷикистони советӣ» ва «Тоҷикистони шӯравӣ» он ҳамеша пешгоми ҳаракати рӯзноманигории мо, пешгоми худшиносии халқи куҳанбунёд ва фарҳангпарварамон будааст.
Имрӯз «Ҷумҳурият» рӯзномаи бонуфузтарин ва дӯстдоштании мардуми мост. Имрӯз ҳам бо фарогирии масъалаҳои ҷиддии замони Истиқлолияти давлатӣ ва саҳмгузорӣ дар ягонагӣ ва Ваҳдати миллии халқамон, тарғиби ғояҳои баланд ва хушиноси миллӣ, тамоми бунёдкориву созандагиҳои мамлакат саҳми боризу бузурги худро мегузорад.
«Ҷумҳурият» оинаест, ки дар он ҷилои хирад ва адаб, намои фазилати зотии мардуми мо бо суннату маросими волояш ҳамеша ҷилвагар аст. «Ҷумҳурият» мактаби бузурги омӯзиш ва парвариши қаламнигорони шоистаи мамлакат будааасту мемонад. Имрӯз низ ин рӯзнома пешгоми ҳодисот, ташаббускори иқдомҳои навину шоиста мебошад ва хусусан солҳои охир тавонистааст алоқаи бевосита ва ҳамешагӣ бо хонандагонаш дар тамоми гӯшаҳои мамлакат пайдо кунад. Сафарҳои пайвастаи ҳайати эҷодии идораи «Ҷумҳурият» ба гӯшаҳои диёр, таъсиси ҷашнвораву озмунҳе, ки ҳарчи бештар таваҷҷуҳи хонандагонро бедор намудаву онҳоро ба худ ҷалб кардаанд, метавонанд намунаи ибрати дигар рӯзномаҳо бошанд.
Идораи АМИТ «Ховар» ҳамкасбони худро, ки дар ин рӯзномаи бонуфуз фаъолият доранд, ба муносибати ин ҷашни муборак самимона табрик намуда, ба онҳо тансиҳативу сарбаландӣ таманно дорад. Ва ин шеъри Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло тақдим ба дӯстони ҳамқалами мо бод!
ОИНАИ ОЯНДАНАМО
«Ҷумҳурият» оинаи оянданамо буд,
Оинаи ихлоси дил, оинаи мо буд.
Ҳар саҳфаи он саҳфаи ихлосу садоқат,
Ҳар нусхаи он мактаби тадриси вафо буд.
Ҳар субҳ назар дӯхта бар оинаи он,
Мардум ҳама озодаву бе рӯи риё буд.
«Ҷумҳурият» оинаи озодаманишон,
Ҳар субҳ дар он ҳастии Меҳан ба намо буд.
Бо пайку паёми нав аз «Иди (дили)тоҷик»,
Бар хонаи мо омада чун пайки раҳо буд.
«Бедории тоҷик» фурӯғи дигаре ёфт,
Бедории мо гашт, ки пайғоми бақо буд.
Ин мактаби деринаи мардони қаламкаш,
Ин матлаби адлу шарафу ҳукми расо буд.
Ин номаи рӯзе, ки ба мо рӯзи накӯ дод,
Савганди муҳаббат, сухани аҳди ниё буд.
Майдони шараф гашту вафодории меҳан,
Оварди ҷавонмардии мардони сахо буд.
Наврӯз ҳам аз номаи рӯзаш ба таҷаллист,
Бас суннату оин, ки зи ҷаҳдаш ба раво буд.
Ҷумҳурии мо меҳани сулҳ асту амонист,
«Ҷумҳурият» аз рӯзи азал роҳнамо буд!
Ёд аз ҳама мардони накӯному шарафманд,
К-ин ҷо дилу ҷону танашон шӯъланамо буд.
То буд суханвар, сухане буд дар олам,
Ин оина худ мазҳари некиву зиё буд.
«Ҷумҳурият» имрӯз муҳаббатгаҳи мо гашт,
Зеро зи азал оинаи меҳру вафо буд.









Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ИМРӮЗ — РӮЗИ РӮДАКӢ. Ба ин муносибат конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир мешавад
Моҳи октябр Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
21 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Бо ташаббуси Тоҷикистон «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул гардид






