10 апрел — Рӯзи таъсиси Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ
ДУШАНБЕ, 10.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба таъсиси Қӯшунҳои дохилӣ 27 сол пур шуд. Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ яке аз сохторҳои бузург ва калидии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, вазифаҳои пурмасъули таъмини амнияти давлату шаҳрвандони ҷумҳурӣ, пойдории сулҳу субот, ҳифзи дастовардҳои миллӣ ва дигар вазифаҳои муҳимро бар дӯш дорад. Бо Қарори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 апрели соли 1993 Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии мамлакат созмон дода шуд. Ин айём сохтори номбурда 10 қисми ҳарбӣ ва қариб 11 ҳазор нафар ҳайати шахсӣ дошт.
Бояд гуфт, ки Қӯшунҳои дохилӣ ҷузъи таркибии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва захираи боэътимоду доимоомодаи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба шумор рафта, ҳайати шахсии онро ҳомиёни тартиботи ҷамъиятӣ ном мебаранд.
Таърих гувоҳ аст, ки маҳз дар солҳои душвори мухолифатҳои дохилӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ қарзи ватандориро садоқатмандона иҷро карда, дараҷаи баланди маҳорати касбӣ ва ҷангӣ нишон доданд. Месазад гуфт, ки дар давраи баргузории Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби сохторҳои ҳарбии мамлакат маҳз афсарону сарбозони қисми ҳарбии 3501-и Қӯшунҳои дохилӣ барои таъмини амнияти вакилони мардумӣ ҷалб гардиданд, ки ин омил мояи ифтихор аст.
Аз рӯзи таъсис то имрӯз афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ ба иҷрои вазифаҳои хеш бо дарки баланди масъулиятшиносӣ муносибат намуда, барои пойдории сулҳу субот дар ҷумҳурӣ, мубориза бо гурӯҳҳои ҷиноятпеша, барқарор намудани сохти конститутсионӣ саҳми босазо мегузоранд.
Зимни як суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «мехоҳам махсус хотирнишон созам, ки маҳз дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ ва шиддат гирифтани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Қӯшунҳои дохилӣ, бахусус афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии 3502 ва 5453 қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро карда, дар бисёр амалиёти махсус оид ба безараргардонии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, амалҳои террористӣ ва ошӯбҳои зиддиконститутсионӣ ҳамеша пешсафи набардҳо буданд».
Ҳамчунин нақши Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар саркӯб намудани гурӯҳҳои ифротиву террористӣ дар минтақаи Рашт, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дараи Ромит назаррас аст. Набояд фаромӯш сохт, ки дар мубориза бо даставу гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷинояткор ва таъмини тинҷиву осудагӣ зиёда аз 2000 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки миёни онҳо афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ низ буданд, ҷони хешро аз даст доданд, ки хотираи неки онҳо ҷовидон боқӣ мемонад.
Қӯшунҳои дохилӣ такягоҳ, муҳофиз ва ҳамқадаму ҳамсоли истиқлолияти мамлакат ба ҳисоб рафта, дар тӯли фаъолияти худ ҳайати шахсии он аз мактаби шуҷоату мардонагӣ, ҳаёт ва обутоби зиндагӣ бо сарбаландӣ гузаштаанд.








Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид






