60 деҳаи шаҳру ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон бо хизматрасонии босифати неруи барқ таъмин мегарданд
ДУШАНБЕ, 15.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. То соли 2023 60 деҳаи шаҳру ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон бо хизматрасонии босифати неруи барқ таъмин мегарданд. Хизматрасонии мазкур дар доираи лоиҳаи «CASA 1000 — лоиҳаи дастгирии ҷомеа» амалӣ карда мешавад. Татбиқи лоиҳа соли 2020 оғоз ёфта, соли 2023 ба анҷом мерасад. Дар ин хусус ҳафтаи сипаригардида Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдор қабул намуд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» Шукӯҳи ДАЛЕР иттилоъ медиҳад, «CASA 1000 — лоиҳаи дастгирии ҷомеа» дар доираи созишномаҳои грантӣ оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд, байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд татбиқ карда мешавад.
Созишномаҳои зикршуда 13 ноябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода 8 апрел зимни муаррифии лоиҳаи мазкур дар ҷаласаи палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон иттилоъ дод, ки арзиши умумии он 26 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад.
«Аз ин ҳисоб 24 миллион доллари америкоӣ маблағҳои грантии Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва 2 миллион доллари америкоӣ маблағҳои грантии Фонди бисёрдонораи мақсаднок мебошад», — гуфт мавсуф.
Лоиҳа дар 24 ҷамоати иборат аз 60 деҳаи шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Леваканд, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Хуросон, Абдураҳмон Ҷомӣ, Вахш, Ҷайҳун, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, инчунин 50 маҳаллаи ҷамоатҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара, ки дар онҳо лоиҳаи «CASA 1000» татбиқ мегардад, амалӣ мешавад.
Ба иттилои Файзиддин Қаҳҳорзода, дар доираи татбиқи лоиҳа, марҳилаҳои беҳтар намудани сифати таъминоти барқ дар деҳот, сармоягузорӣ ба инфрасохтори иҷтимоию иқтисодӣ, дастгирии ҷамоатҳо тавассути пурзӯр намудани иқтидор, инчунин, ба роҳ мондани масъулияти иҷтимоиву васеъ намудани иқтидорҳои маҳаллӣ, идоракунии лоиҳа, ҳамоҳангсозӣ, мониторинг, арзёбӣ ва робита бо ҷамоатҳо дар назар дошта шудааст.
«Дар доираи қисмати якуми лоиҳа сохтмон ва таҷдиду навсозии шабакаҳои барқӣ дар деҳаҳое, ки дар долони гузариши хати интиқоли барқи «CASA 1000» ҷойгир мебошанд, инчунин сохтмони зеристгоҳи 110/10 киловатта дар шаҳри Исфара бо мақсади таъмини дастрасии барқ дар деҳаҳои наздисарҳадӣ пешбинӣ гардидааст», — гуфт Вазир.
Зикр шуд, ки барқарорсозии системаи обёрӣ, обтаъминкунӣ ва санитария, сохтмони роҳҳо, синфхонаҳои иловагӣ дар мактабҳо, боғчаҳои кӯдакона, бунгоҳҳои тиббӣ, таваққуфгоҳҳо ва хизматрасонии техникӣ дар қисмати дуюми лоиҳа пешбинӣ гардидааст, ки тавассути Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Дар қисмати сеюм, — гуфт мавсуф, пурзӯр намудани иқтидори ҷамоатҳо дар самти банақшагирии рушди маҳал, идоракунии молиявӣ, ҳалли низоъҳо ва муколама пешбинӣ гардидааст, ки дар он ба фарогирии занону ҷавонон ба омӯзиш ва иштироки онҳо дар идоракунӣ диққати махсус дода мешавад.
«Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ, зиёда аз 200 ҳазор нафар сокинони долони гузариши хати интиқоли барқи байниминтақавии «CASA 1000» ва деҳаҳои наздисарҳадии деҳоти «Ворух» ва «Чоркӯҳ»-и шаҳри Исфара ба таъминоти барқ, инфрасохтори замонавии иқтисодиву иҷтимоӣ ва иштирок дар банақшагирии рушди маҳал, идоракунии молиявӣ ва ҳалли низоъҳо дастрасӣ пайдо хоҳанд намуд», афзуд Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мақсад аз созишномаҳо баланд бардоштани сифат ва васеъ намудани дастрасӣ ба хизматрасонии таъминоти барқ, инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ ва мусоидат ба пурзӯр намудани иқтидори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии фарогири лоиҳа ба ҳисоб меравад.
АКСҲО аз бойгонӣ








Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд






