Акбар Қурбонзода: «Барои роҳ надодан ба нақлиёти бартаридошта – мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва сӯхторнишонӣ ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда ҷарима муайян карда шудааст»

Апрель 8, 2020 10:05

ДУШАНБЕ, 08.04.2020 /АМИТ«Ховар»/.  Роҳ надодан ба воситаҳои нақлиётии бартаридошта ёрии таъҷилӣ ва  сӯхторнишонӣ  аз ҷониби ронандагони мошинҳои дигар   зимни ҳаракат дар роҳҳои ҷумҳурӣ боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст.  Зеро дар сурати монеъ гардидан  ба ҳаракати мошинҳои мазкур онҳо наметавонанд таъҷилан ба ҷойи зарурӣ расанд ва ба ниёзмандон кумаки  саривақтӣ расонанд. Ба воситаҳои нақлиёти ёрии таъҷилӣ, сӯхторнишонӣ ва дигар мошинҳои бартаридошта  ҳаракати роҳро бояд фавран таъмин намуд. Ин матлабро сардори шуъбаи ташвиқот ва тарғиботи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Акбар ҚУРБОНЗОДА дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Файзалӣ НИЁЗ баён дошт.

Зимнан, мутобиқи моддаи 318-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои итоат накардани ронандагони воситаҳои нақлиёт ба чароғаки роҳнамо ё ишораи танзимгар, роҳ надодан ба нақлиёти барои гузаштан бартаридошта – ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима муайян карда шудааст, ки як нишондиҳанда ба 58 сомонӣ баробар мебошад.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, аз 1 январи соли равон то имрӯз дар ҳудуди ҷумҳурӣ 38 ҷинояти вобаста ба воситаҳои нақлиёт (дуздиву рабудан, роҳзанӣ ва ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, ки ронандагони воситаҳои нақлиёт аз ҷойи содиршавии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ғайб задаанд) ба қайд гирифта шудаанд, ки  аз ин ҷиноятҳо 34- тои он кушода гардида, 2 ҳолати рабудани воситаҳои нақлиёт ва 1 далеле, ки ронандаи воситаи нақлиёт аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст, нокушода мондаанд ва корҳои ҷустуҷӯӣ дар ин самт давом доранд.

Бино ба иттилои А. Қурбонзода, бо мақсади баланд бардоштани фаъолияти ҷустуҷӯии Бозрасии давлатии автомобили Вазорати корҳои дохилӣ  оид ба кофтукови воситаҳои нақлиёт, мубориза алайҳи ҷинояткорӣ  дар нақлиёт ва такмили минбаъдаи бурдани ҳисоботи мутамаркази автоматикунонидашудаи иттилоотии ҷустуҷӯӣ дар РБДА ВКД шуъбаи кофтукови воситаҳои нақлиётӣ амал менамояд. Дар ин самт нақши кормандони ин шуъба ва ҷузъҳои он дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар пешгирии ҳолатҳои рабудани воситаҳои нақлиёт,  боздошти воситаҳои нақлиёти дар кофтуковбуда ва ба соҳибони воситаҳои нақлиёт баргардонидани мошинҳо назаррас аст.

Тавре ҳамсуҳбати мо мегӯяд, кормандон мекӯшанд дар кӯтоҳтарин муддат ҷиноятҳои марбут ба воситаҳои нақлиётро ошкор намоянд. Ҳамчунин дар назди ин шуъба дивизиони махсуси «Ҷустуҷӯи нақлиёт» фаъолият менамояд, ки ҳадафи он ёрӣ расонидан ба кормандони шуъба дар таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, кофтукови воситаҳои нақлиёт ва ронандагоне, ки аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд, аз ҷумла иҷрои дигар вазифаҳои ҷамъиятӣ дар вақти озод будан аз кор ва таҳсил ташкил карда шудааст. Кормандони шуъбаи кофтукови воситаҳои нақлиёти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷузъҳои он дар пешгирӣ ва кушодани ҳодисаҳои дуздиву рабудани воситаҳои нақлиёт фаъоланд.

Ба таъкиди сардори шуъбаи ташвиқот ва тарғиботи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бештари ҳодисаҳои роҳу нақлиётие, ки содир мегарданд, ронандагон ба ҳамдигар кумак накарда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Онҳо намеандешанд, ки ин рафторашон ҷиноят буда, онҳоро кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дер ё зуд пайдо менамоянд. Чизи дигаре, ки сабаби нигаронист, ин шоҳиди садамаи  роҳу нақлиётӣ гардидани шаҳрвандон ва хабар надодан ба мақомоти корҳои дохилӣ мебошад. Кумак намудан ба якдигар ба манфиати кор буда, сабаби саломат мондани иштирокчиёни ҳаракат  дар роҳ мегардад.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки аз тарафи кормандони шуъбаи кофтукови воситаҳои нақлиёт пайваста миёни кормандони хадамоти роҳбонӣ чорабиниҳои махсус оид ба баланд бардоштани ҳушёрии бозрасон дар дидбонгоҳҳо ва хатсайри патрулӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбею ноҳияҳои тобеи марказ гузаронида мешаванд. Ҳамчунин дар ҳамбастагӣ бо кормандони Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷумҳурӣ мунтазам чорабинии машқӣ-таълимии «Боздошт» гузаронида мешавад.

Таҳлилҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки яке аз сабабҳои асосии дуздидану рабудани воситаҳои нақлиёт- ин беназорат гузоштани воситаҳои нақлиёт дар роҳҳо мебошад. Мо ҳамарӯза мушоҳида менамоем, ки бештари воситаҳои нақлиёт шабона  дар назди биноҳои  истиқоматӣ ё шафати роҳҳо беназорат гузошта мешаванд. Ҳол он ки дар тамоми минтақаҳои шаҳр таваққуфгоҳҳои доимоамалкунанда мавҷуд буда, дар хизмати мардум қарор доранд.  Дар назди биноҳои истиқоматӣ  чунин ҳолатҳо зиёд ба назар мерасанд- баъзе ронандагон воситаҳои нақлиёти худро тарзе мегузоранд, ки ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт монеа эҷод менамоянд. Чунин рафтори ронандагон кори ношоиста буда, монеи ҳаракати дигар мошинҳо мешаванд.

«Ронандагон вазифадоранд, ки воситаҳои нақлиёти худро дар таваққуфгоҳҳои муайяншуда гузошта, аз пайи кори худ раванд. Аз дигар тараф, ронандагон бояд мошинҳои худро бо асбоби садодиҳанда таҷҳизонанд, ки он кафолати бехатарӣ ва бехавфии воситаи нақлиёт мебошад»,-изҳор намуд Акбар  Курбонзода.

Апрель 8, 2020 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон бар асари 564 ҳодисаи сӯхтор 14 нафар ҳалок гардидааст
Сари вақт напардохтани маблағ ва дуздии барқ яке аз сабабҳои норасоии барқ дар зимистон аст
Давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамкориро барои пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби мақомоти прокуратураи Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор санҷиш гузаронида шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон шумораи ҷиноятҳои қаллобӣ, дуздӣ ва авбошӣ зиёд гардидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон 222 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулода ба қайд гирифта шуд
Хадамоти давлатии оташнишонӣ кафили бехатарии мардуми Тоҷикистон аст. Ба ифтихори иди касбии кормандони соҳа
Аз 26 то 29 июл дар баъзе кӯчаҳо ва хиёбони Рӯдакии пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдуд карда мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар бозорҳои истеъмолии Тоҷикистон беш аз 107 ҳазор килограмм маҳсулоти бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд
Бо иштироки ҳайати роҳбарикунандаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҷамъомадӣ таълимӣ-методӣ доир гардид
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
Дар вилояти Суғд кӯшиши интиқоли 70 кг маводи нашъадор пешгирӣ гардид