«Амонатбонк» касбияти кормандонашро такмил медиҳад

Апрель 15, 2020 11:00

ДУШАНБЕ, 15.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва  касбияти мутахассисони намояндагиҳояш дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар мавзӯи «Таҳлил ва пешниҳоди қарзҳои хурд» тӯли панҷ рӯз машғулияти омӯзишӣ гузаронид.  

Ба кормандони филиалҳои «Амонатбонк» мутахассисони идораи методология ва бозомӯзии кормандон, идораи қарздиҳии Департаменти қарздиҳӣ ва Раёсат оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ  доир ба масъалаҳои таҳлили молиявӣ, ҷалби мизоҷон ва пешниҳоди қарз,

таҳияи  ҳисоботи молиявӣ, хавфҳои қарзӣ ва пешгирии он, гарав ва баҳодиҳии амволи гарав, мониторинг, истифодаи мақсадноки қарз машғулияти омӯзишӣ гузаронида, ба саволҳои кормандони филиалҳои «Амонатбонк» дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ посух доданд.

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш, малака ва  касбияти кормандони бонк бо дастури раиси Раёсати «Амонатбонк» Сироҷидин Икромӣ дар бонк Идораи методология ва бозомӯзии кормандон таъсис дода шудааст. Инчунин дар бинои нави «Амонатбонк» барои омӯзиш ва такмили ихтисоси кормандон  шароити мусоид фароҳам оварда шуда, толорҳои омӯзишӣ ва утоқи тарҷумаи  синхронӣ бо технологияҳои муосири иттилоотиву дафтардорӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Апрель 15, 2020 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад