«Атласи Хуҷанд» аз аввали сол 12 ҳазор метр атлас ва 2 ҳазор метр адрас истеҳсол намуд

Апрель 8, 2020 14:00

ДУШАНБЕ, 08.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи калонтарини  вилояти Суғд — ҶДММ «Атласи Хуҷанд»  дар семоҳаи аввали соли 2020 12 ҳазор метр атлас ва 2 ҳазор метр адрас истеҳсол намуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Дар вилояти Суғд ба эҳёву рушди ҳунарҳои миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, либосҳои миллию замонавие, ки аз матоъҳои рангину пурҷилои атласу адраси тоҷик омода шудаанд, харидорони сершумор доранд. Атласу адраси корхонаи «Атласи Хуҷанд» бо ороишҳои хоси худ фарқкунанда буда, маҳсулоти корхона дар чандин фестивалҳо ба намоиш гузошта шудааст. Дар корхона айни замон 54 нафар бо кор таъмин буда, аксари коргаронро занон ташкил медиҳанд.

Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар вилоят  истеҳсоли бештари матоъҳои абрешимин ба роҳ монда шудааст, ки ин ҷиҳати рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ободии деҳаҳо, пешрафти соҳаи сайёҳӣ, муҳайё кардани ҷойҳои кории нав барои занону духтарони хонашин ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дастӣ равона гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 март дар Қасри Арбоб дар фестивали «Атлас ва адраси тоҷик-2020», ки ба ифтихори ҷашни Наврӯзи оламафрӯз баргузор гардид, иштирок намуданд. Дар ин фестивал 120 навъи атласи корхона ба  намоиш  гузошта шуд, ки 51 намуди он бо  ороиши нав буданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори ҳунармандон, маҳсули дасти эъҷозофар ва маҳорати хосаашон баҳои баланд дода, онҳоро ба эҳёву рушди боз ҳам бештари анъанаҳои миллӣ, тарғибу муаррифии ҳунарҳои миллӣ ва тарбияи шогирдони сазовор дар соҳаи ҳунармандӣ ҳидоят намуданд.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар вилоят беш аз 17 ҳазор нафар ҳунармандон ба офаридани маҳсулоти миллӣ машғуланд. Маҳсули ҳунарҳои миллӣ дар намоишгоҳҳои минтақавию байналмилалӣ дар давлатҳои хориҷӣ соҳиби ҷоизаҳо гардида, баҳои баланд гирифтаанд. Дар арсаи олам ин боигарию дастовардҳои миллӣ муаррифӣ шуда,  таваҷҷуҳи тоҷирону сайёҳони хориҷиро ҳарчи бештар ҷалб менамоянд.

Сарвари давлат изҳор доштанд, ки ҳадаф аз баргузории намоиши атласу адрас дар вилояти Суғд, ки ин навъи санъат дар ин ҷо бештар рушд кардааст, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарони хонашин, ба насли оянда пешкаш кардани ҳунари аҷдодӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав мебошад.

Атласу адрас маҳсули меҳнати дастӣ чун воситаи муҳими эстетикию ороишӣ, зебоипарастӣ ва завқи бадеии мардум бо зиндагӣ робитаи ногусастанӣ дорад. Мардуми тоҷик дар Шоҳроҳи Абрешим аз Шарқ то ба Ғарб давоми ҳазорсолаҳо бо матоъҳои атласу адраси худ маъруф буд. Матоъҳои нафису тааҷҷубовар ва нақшу нигорнамудаи миллати тоҷик дар бозорҳои мамолики Шарқу Ғарб серхаридор буданд.

Тарзи истеҳсоли матоъҳои атласу адрас басо куҳан буда, пайдоиши ин матоъҳо аз анъанаҳои бофандагии халқи тоҷик сарчашма мегирад. Матоъҳои атласу адрас рангаю сернақшу нигор буда, аз рӯзи пайдоиш то замони муосир мавқеи хоси худро гум накарда, миёни газворҳои дигар матои атлас ҳамчун «шоҳи матоъҳо» эътироф гардидааст.

Имрӯзҳо ин намуди алтасу адрас бо номҳои «Баҳори Тоҷикистон», «Ҷавонӣ», «Туҳфа», «Тӯёна», «Муҳаббат», «Тиру камон», «Гулханд», «Хосиятхон» ва дигарҳо номгузорӣ шудаанд. Вобаста ба муаррифии атласу адраси истеҳсоли ватанӣ иштироки фаъоли ҳунармандон дар намоишгоҳҳои дохилӣ ва байналмилалӣ мунтазам ба назар мерасад. Бонувони тоҷик имрӯз ба ин касби аҷдодӣ машғул гашта, бо тарзу усулҳои хос намудҳои гуногуни матоъҳоро бофта, пешкаши мардум намуда истодаанд.

Ҳамчунин барои муаррифии ин матои абрешимӣ ҳар сол дар мамлакат  Фестивали ҷумҳуриявии атласу адрас доир мегардад, ки аз тамоми гӯшаву канори мамлакат навъҳои гуногуни атласу адрасро ба маърази тамошо мегузоранд.

Апрель 8, 2020 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Покистон ҳамкориро дар соҳаи ҳамлу нақл тавсеа мебахшанд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» гузаронида мешавад
Бо татбиқи лоиҳаи «Таъсиси кластери нассоҷии гурӯҳи ширкатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» беш аз 5500 нафар бо кор таъмин мегарданд
Бо ду ширкати Финландия барои насб ва татбиқи низоми идоракунии дороиҳои роҳ қарордод ба имзо расид
Намояндаи ширкати «Niko»-и шаҳри Пекин бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуд
Дар Бадахшон дар доираи татбиқи 12 лоиҳаи сармоягузорӣ 250 километр роҳ, як нақб ва 26 пул ба истифода дода шуд
Намояндагони Кумитаи андози Тоҷикистон дар ҷаласаи машваратӣ дар Пекин иштирок намуданд
Таҳкими дурнамои ҳамкории саноатӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар Теҳрон баррасӣ шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Кишоварзони ноҳияи Деваштич дар 9 ҳазор гектар картошка кишт менамоянд
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар самти ҷалби сармоя баррасӣ карда шуд
Шералӣ Кабир ва Ҳусейналӣ Амирӣ таҳкими ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ бо омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон мулоқот намуд