Ба шарафи ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ дар Тоҷикобод озмуни «Таронаи ваҳдат» доир гардид
ТОҶИКОБОД, 07.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ дар ноҳияи Тоҷикобод Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии ансамблҳои тарона ва рақс таҳти унвони «Таронаи ваҳдат» баргузор гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шуъбаи фарҳанги ноҳия хабар доданд.
Озмуни мазкур имкон дод, ки санъаткорон дар доираи 11 номинатсия, аз ҷумла, навозиши умумӣ, намоиши либосҳои миллӣ, рақси якка, суруди якка, суруди эстрадӣ, навозиши якка, суруд бахшида ба 5500- солагии Саразми бостонӣ, суруди фолклорӣ, бадеҳа, карнайбазм ва сюитаи овозию рақсӣ ҳунарнамоӣ намоянд.
Ғолибони даври аввали фестивал-озмун ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд, ки он моҳи июни соли 2020 дар шаҳри Панҷакент баргузор мегардад. Беҳтаринҳоро мукофотҳои пулӣ, аз ҷумла Шоҳҷоиза ба маблағи 5000 сомонӣ, барои ҷои аввал 4000 сомонӣ, ҷои дуюм 3000 ва ҷои сеюм 1980 сомонӣ интизор аст.
Мақсад аз баргузории озмун- намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангӣ, тақвият ва таҳким бахшидани бунёди ҷомеаи Тоҷикистон ва ба ин васила баланд бардоштани нақши ҷомеа дар раванди тарбияи маънавии шаҳрвандон, бахусус насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси ғановатманди фарҳанги миллӣ ва ҳамчунин намоиш додани тобишҳои рангини фарҳангу ҳунари ҳар як минтақа мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиш ва ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ тақвият медиҳанд
Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» доир мегардад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо Шурои Британия дар Душанбе баррасӣ гардид
Иштирокдорони Бозиҳои ХХ Делфии ҷавонони ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир мегардад
Ҷаласаи Шурои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд
Фарҳанги пурғановати Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад






