Барои сарфароз гардонидани барандагони Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе 508 ҳазору 900 сомонӣ ҷудо шуд

Апрель 15, 2020 10:53

ДУШАНБЕ, 15.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Рӯйхати барандагони Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2019 – 2020  тасдиқ  гардид. Аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе барои сарфароз гардонидани барандагони стипендияи мазкур  508  ҳазору  900  сомонӣ  ҷудо шуд. Дар ин бора қарори  Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 13 апрели соли 2010  ба имзо расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, гирандагони  ин  стипендия хонандагону донишҷӯёне буда метавонанд, ки дар байни ҳамсинфон ва ҳамкурсон рафтори намунавӣ дошта (бо дарназардошти тавсияи хаттӣ аз ҷониби директори муассисаи таълимӣ), бо баҳои хубу аъло таҳсил намоянд (мувофиқи маълумотномаи хаттӣ оид ба ҷамъбасти баҳоҳо дар як соли охир) ва  дар корҳои ҷамъиятии муассиса ва берун аз он иштироки фаъолона дошта бошанд.

Ёдовар мешавем, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳар сол барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе озмун эълон менамояд.  Ин иқдом  бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагону донишҷӯёни фаъолу аълохон ва соҳибистеъдоди муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе роҳандозӣ мегардад.

 Хотиррасон менамоем, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи хонандагон ва  ҳавасмандгардонии омӯзгорон пайваста тадбирҳои муассир меандешад.

Соли 2019  бо  қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ   бахшида ба Рӯзи омӯзгор барои  муаллимони фаъоли шаҳри Душанбе, ки   шогирдонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ба   гирифтани  ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардидаанд, ба  ҳар кадоме ба сифати мукофот 3 ҳазор  сомонӣ ҷудо гардид. Ин туҳфаҳои молӣ ба 52 нафар омӯзгорони пойтахт дар ҷамъомади тантанавӣ, ки бахшида ба «Рӯзи забони давлатӣ» ва «Рӯзи омӯзгорон» дар Амфитеатри «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи С. Айнӣ»-и пойтахт  доир гардид, супорида шуданд.

Апрель 15, 2020 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад