Бонки миллӣ меъёри захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзии молиявиро паст намуд

Апрель 10, 2020 15:10

ДУШАНБЕ, 10.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори ҷаласаи ғайринавбатии Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон меъёри захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд муваққатан аз 01 апрел то 31 декабри соли 2020 бо пули миллӣ дар сатҳи 1 фоиз ва бо асъори хориҷӣ дар сатҳи 5 фоиз муқаррар карда шуд. Ҳадафи он андешидани тадбирҳои саривақтӣ ва дастгирии пардохтпазирии ташкилотҳои қарзии молиявӣ бинобар эҳтимолияти зиёд гардидани таъсири хавфҳо ба пандемияи cирояти нави COVID-19 мебошад.

Дар хабаре, ки аз Бонки миллӣ ба АМИТ «Ховар» расидааст, гуфта мешавад, ки меъёрҳои амалкунандаи захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд ба ҳолати 31 марти соли 2020 бо пули миллӣ 3 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 9 фоизро ташкил медод.

Сарчашма иттилоъ медиҳад, ки тибқи маълумоти оморӣ, сатҳи таварруми солона дар моҳи феврали соли 2020-ум  7,8 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,4 банди фоизӣ зиёд мебошад. Дар сохтори таварруми бавуқӯъомада болоравии саҳми маҳсулоти хӯрокворӣ (5,4 банди фоизӣ) зиёд буда, раванди мазкур бо дарназардошти «эффекти базавӣ» ва таъсири омилҳои мавсимӣ, номуътадилӣ дар ҷаҳон ва давлатҳои шарикони асосии савдо, болоравии нархи воридотии маводи хӯрокворӣ, кам гардидани ҳаҷми истеҳсолот, коҳиши таклифот ва ба ин васила дар сатҳи зарурӣ таъмин нагардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ дар фасли зимистон арзёбӣ мегардад. Саҳми маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ ва хизматрасониҳо мувофиқан ба 1,6 банди фоизӣ ва 0,8 банди фоизӣ баробар шудааст.

Мавриди зикр аст, ки аз охири моҳи декабри соли 2019 то 31 марти соли 2020, бинобар зуҳури COVID-19 дар Чин садҳо ҳазор нафар одамон гирифтори он гардида, даҳҳо ҳазор ба ҳалокат расида истодаанд ва он қариб тамоми давлатҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст.

Дар Федератсияи Россия — яке аз кишварҳои асосии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай аз таъсири вируси мазкур номуайяниву ноустувории иқтисодӣ, коҳиши қурби рубли русӣ ва мушкилоти тиҷорати байналмилалӣ ба амал омадааст. Тибқи баҳодиҳии пешакии ширкати рейтингии S&P, соли 2020 бинобар авҷ гирифтани паҳншавии cирояти нави коронавирус (COVID-19) иқтисодиёти Россия ба коҳишёбии то сатҳи -0,8 фоиз дучор хоҳад шуд.

То 31 марти соли 2020 нархи нафти навъи брент (Brent) дар биржаҳои ҷаҳонӣ ба ҳисоби миёна барои 1 баррел ба 26,9 доллари амрикоӣ баробар шуд, ки нисбат ба 31 декабри соли 2019 59,2 фоиз коҳиш ёфтааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нархи нафт яке аз нишондиҳандаи муҳим барои иқтисодиёти Россия ба ҳисоб рафта, коҳиши он ба қурби пули миллии ин кишвар (рубли русӣ) таъсирнокии зиёд дорад. Ба ҳолати 1 апрели соли 2020 қурби рубли русӣ нисбат ба доллари ИМА дар муқоиса ба аввали сол 27,1 фоиз коҳиш ёфт.

Вобаста ба ҳолати мазкур аксари бонкҳои марказии давлатҳои хориҷӣ ҷиҳати дастгирии иқтисодиёти кишвар, бахусус соҳаи истеҳсолот ва пешгирии хавфҳои таваррумию қурбӣ, сиёсати ҳавасмандгардонии монетариро амалӣ намуда истодаанд, аз ҷумла, дар минтақаи Аврупо, Туркия, Амрико, Канада, Покистон, Молдова, Арманистон, Украина ва дигар кишварҳо.

Паҳншавии пандемия таъсири манфии худро ба иқтисодиёти ҷаҳон расонида истода, ба иқтисодиёти мамлакат низ бинобар зиёд шудани таъсири омилҳои берунӣ, аз ҷумла маҳдуд гардидани равобити марзӣ ва коҳиш ёфтани муомилоти тиҷоратӣ метавонад бо роҳи болоравии нархи молу маҳсулотҳои воридотӣ, кам шудани ҳаҷми сармоягузориҳо, паст шудани сатҳи даромаднокии аҳолӣ, инчунин тавассути коҳиши қурби пули миллӣ ва эҳтимоли зиёд гардидани хавфҳои молиявӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар давраи кӯтоҳмуддат таъсири худро расонад.

Дар ин росто, бо дарназардошти омилҳои эҳтимолии болозикр ҷиҳати дастгирии пардохтпазирии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, коҳиш додани хароҷоти иловагӣ ва арзиши қарзҳои ба иқтисодиёт пешниҳодшаванда аз ҷониби Кумита қарор қабул карда шуд, ки меъёри захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд муваққатан то 31 декабри соли 2020 бо пули миллӣ ба андозаи 2 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 4 банди фоизӣ паст карда шавад. Иқдоми мазкур метавонад имкониятҳои молиявии ташкилотҳои қарзии молиявиро дар давраи буҳронӣ беҳтар намуда, ба маблағи 241,7 млн.сомонӣ пардохтпазирии иловагиро барои низоми бонкӣ пешниҳод намояд.

Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ татбиқи сиёсати пайгиронаи пулию қарзиро ҷиҳати ноил гардидан ба сатҳи муътадили нархҳо дар давраи миёнамуҳлат ва таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ идома хоҳад дод.

Апрель 10, 2020 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Тибқи Стратегияи рушди саноати нассоҷӣ дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис дода мешавад
Байни палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Қирғизистон Шурои корӣ таъсис дода мешавад
Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология Созишнома ба имзо расониданд
Олимони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар Нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Узбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар мавсими имсола IRS 100 километр роҳро таъмири ҷорӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон ҷараён дорад
Бонки Осиёии рушд барои дастгирии занони деҳот дар вилояти Хатлон лоиҳаҳо амалӣ менамояд
«Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид
Дар Душанбе нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизот ва маҳсулоти нассоҷӣ оғоз гардид
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 9.6934 то 9.7000 сомонӣ муқаррар шудааст
Тоҷикистон ва Қирғизистон тасмим гирифтаанд, ки ҳаҷми савдоро то ба 500 миллион доллар расонанд